Эмомалӣ Раҳмон президенти тозаинтихоби Фаронсаро табрик гуфт


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон президенти тозаинтихоби Фаронса Франсуа Жерар Жорж Олландро ба муноссибатми ба маснади президентӣ соҳиб шуданаш табрик гуфт.

Дар табрикнома аз ҷумла омадааст:

 «Ҷаноби Олӣ,

 Дар иртибот ба пирӯзиатон дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Франсия сарфарозам ба Шумо табрикоти самимона ва таманниёти неки хешро бифиристам.

 Ҷониби Тоҷикистон маҷмӯи ҳамкориҳои босамари дуҷонибаро бо кишвари дӯсти Франсия самти муҳими сиёсати хориҷии худ медонад.

 Боиси қаноатмандист, ки бар асари саъю кӯшишҳои муштараки доимӣ имрӯз байни кишварҳои мо дар арсаҳои мухталифи мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн ҳамёрии созанда ба роҳ монда шудааст ва онҳо рӯ ба густариши бемайлон ниҳодаанд.

 Мо ба ояндаи неки муносибатҳои гуногунҷанбаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Франсия бовар дорем ва умедворем, ки дар давраи сарварии Шумо аз Франсия равобити ҳасана ва ҳамкориҳои мутақабилан судманди байни кишварҳоямон ба марҳилаи ҷадиди тавсеаи худ ворид хоҳанд шуд.

 Бо изҳори омодагии хеш ҷиҳати саъйю талошҳои муштарак дар ин самт, ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комилу пирӯзиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Франсия хушбахтиву шукуфоии рӯзафзун таманно дорам». Дар ин бора аз хадамоти матбуои сарвари давлат хабар доданд.

spot_imgspot_img

Популярное