Таҷлили Рӯзи радио дар Тоҷикистон

Имрӯз дар Тоҷикистон ҷашни Рӯзи радио таҷлил мегардад. Санаи 7-уми майи соли 1895 физики рус Александр Попов нахустин дастгоҳи радиоро ихтироъ карда, бо ҳамин ба рушди алоқаи бесим замина гузошт. Ин рӯзи бори аввал соли 1925 ҷашн гирифта шуда, аз соли 1945 ҳамсола таҷлил мегардад. Нахустин истгоҳи пахши мавҷҳои радио дар қаламрави Тоҷикистон 10-уми апрели […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар Тоҷикистон ҷашни Рӯзи радио таҷлил мегардад.

Санаи 7-уми майи соли 1895 физики рус Александр Попов нахустин дастгоҳи радиоро ихтироъ карда, бо ҳамин ба рушди алоқаи бесим замина гузошт. Ин рӯзи бори аввал соли 1925 ҷашн гирифта шуда, аз соли 1945 ҳамсола таҷлил мегардад.

Нахустин истгоҳи пахши мавҷҳои радио дар қаламрави Тоҷикистон 10-уми апрели соли 1930 ба кор шуруъ кард. Он дар амвоҷи миёна кор карда, аз соати 7-и субҳ то 22-и шаб барнома пахш мекард. Соли 1930 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 20 дастгоҳи радио мавҷуд буд.

Айни замон дар Тоҷикистон ҳудуди 18 шабакаи радиои давлативу хусусӣ, аз ҷумла «Азия-Плюс», «Ватан», «Тироз», «Садои Душанбе», AFM ғайра фаъолият доранд. Ба ифтихори Рӯзи радио дар барномаҳои имрӯзи шабакаҳои радио озмуну викторинаҳои гуногун, табрикот, суруду мусиқии дилнишини шунавандагон садо медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки радиои «Азия-Плюс» нахустин радиои мустақили шаҳри Душанбе ахири моҳи апрели соли равон ба пахши барномаҳо дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппа оғоз намуд. Акнун барномаҳои ин радио ба сокинони ҳам шаҳри Қӯрғотеппаву ҳам навоҳии гирду атрофи он, аз қабили Сарбанд, Вахш Румӣ ва Бохтар дастрас аст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.