Дар Душанбе рӯзномаи ҷаласаи навбатии АБП ЕвразЭС баррасӣ шуд


Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев котиби масъули Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (АБП ЕврАзЭС) Пётр Зверевро, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Шавкат Саидов хабар дод, зимни мулоқот масоили омодагӣ ва рӯзномаи ҷаласаи навбатии АБП-и Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки рӯзи 16-уми майи соли равон дар шаҳри Санкт-Петербург доир мегардад, баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо изҳори боварӣ кардаанд, ки фаъолияти Ассамблеяи байнипарлумонии иттиҳод ба рушди минбаъдаи муносибот миёни аъзои ин созмони бонуфуз мусоидат хоҳад кард.

Ба иттилои манбаъ, дар кори ҷаласаи навбатии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти сарварии раиси палатаи болоиии парлумони кишвар Маҳмадсаид Убайдуллоев ширкат хоҳад варзид.

spot_imgspot_img

Популярное