Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар нишастҳои ИДМ ва СААД

Рӯзи 15-уми май дар шаҳри Маскав бахшида ба 20-умин солгарди имзои Шартнома дар бораи амнияти дастаҷамъӣ ва 10-умин солгарди таъсиси Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иҷлосияи ғайринавбатии ҷашнии Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ва ҷаласаи ғайрирасмии Шӯрои сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад. Дар нишастҳои мазкур аз иштироки президенти Тоҷикистон интизорӣ меравад. Бино ба маълумоти як […]

Виктория Наумова


Рӯзи 15-уми май дар шаҳри Маскав бахшида ба 20-умин солгарди имзои Шартнома дар бораи амнияти дастаҷамъӣ ва 10-умин солгарди таъсиси Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иҷлосияи ғайринавбатии ҷашнии Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ва ҷаласаи ғайрирасмии Шӯрои сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад.

Дар нишастҳои мазкур аз иштироки президенти Тоҷикистон интизорӣ меравад. Бино ба маълумоти як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ, дар ҳошияи сафари президент ба Маскав баргузории вохӯриҳои дуҷониба алҳол дар назар нест.

Тавре хадамоти матбуоти СААД хабар медиҳад, дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ баррасии масоили таҳдиду чолишҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ба кишварҳои узви созмон ва андешидани тадбирҳои мубориза ва истодагрӣ бо онҳо дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, сарони кишварҳои узви СААД аз фаъолияти созмон дар тӯли солҳои 2002-2012 натиҷагирӣ намуда, самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи созмонро баррасӣ мекунанд. Котиби генералии СААД Николай Бордюжа маърӯза хоҳад кард.

Шартнома дар бораи амнияти дастаҷамъӣ 15-уми майи соли 1992 дар Тошканд ба имзо расида, Оинномаи СААД 18-уми сентябри соли 2003 мавриди амал қарор гирифт. Давлатҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон узви СААД мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.