Истеъфои прокуророни масъули тафтиши парвандаи Ҷӯраев

Date:


Ҳафтаи гузашта якбора ду нафар кормандони прокуратура ба истеъфо рафтанд. Ин ду нафар тайи чанд соли ахир роҳбарии тафтишоти парвандаи ҷиноии пурсарусадои собиқ вакил ва соҳибкор Низомхон Ҷӯраевро ба уҳда доштанд, – хабар дод як манбаъ ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

.

Инҳо собиқ сардори гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Эмом Ғоибов ва сардори шуъбаи тафтишотии ҳамин Агентӣ дар вилояти Суғд дар солҳои 2007-2008 Одил Очилов мебошанд.

Иттилои мазкурро ба ОИ «Азия-Плюс» як мансабдори баландпояи Агентии мазкур тасдиқ кард. Аммо алҳол мушаххас нест, ки то кадом андоза истеъфои ин нафарон ба парвандаи Низомхон Ҷӯраев рабт дорад.

Дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон, ки ОИ «Азия-Плюс» бо мақсади рӯшанӣ андохтан ба ин масъала муроҷиат кард, аз додани шарҳу тавзеҳ дар ин хусус худдорӣ варзиданд.

Дар робита ба парвандаи Ҷӯраев як манбаъ аз Агентии зиддифасод зикр кард, ки то ҳол тафтишот идома дошта, як қисми маводи парвандаи ҷиноӣ ба Суди олӣ ирсол шудааст.

Дар ҳамин ҳол, худи Низомхон Ҷӯраев дар Душанбе бо шарти тарк накардани маҳалли сукунат дар озодӣ қарор дорад. Дар ин бора чандин маротиба роҳбарони Агентии зиддифасод, худи Низомхон Ҷӯраев ва чанде қабл адвокати ӯ Бахтиёр Насруллоев хабар дода буданд. Бахтиёр Насруллоев таъкид карда буд, ки Ҷӯраев шахсан барои кӯмаки адвокатӣ ба ӯ муроҷиат кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, макони будубоши Ҷӯраев ба хотири амнияти зерҳимояаш дақиқан махфӣ нигоҳ дошта мешавад. «Ман чанде қабл (13-уми май –

ОИ «Азия-Плюс»)

бо Ҷӯраев мулоқот доштам ва ӯ худро хуб ҳис мекунад. Айни замон аз ҷониби Агентии зиддифасод тафтишот ҷараён дорад, зеро ӯ асосан дар содир намудани ҷиноёти иқтисодӣ айбдор карда мешавад ва аз ин ба баъд ман паҳлӯи зерҳимояи худ хоҳам буд», – зикр кард Насруллоев.

Номбурда таъкид кард, ки хешовандони Ҷӯраев низ хабардоранд, ки ӯ дар озодӣ аст. «Зерҳимояи ман изҳор кард, ки сарфи назар аз мавҷуд будани якчанд воситаҳои дигар, ӯ мустақилона ба ватан баргаштааст», – афзуд адвокат.

Дар ҳамин ҳол, Анна Ставитская, вакили мудофеи русиягии Ҷӯраев, ба ихтиёрӣ ба ватан баргаштани зерҳимояаш шубҳа дорад. Чанд рӯз пештар ӯ дар ин хусус бори навбатӣ ба созмони байнулмилалии Amnesty International ё Афви Байнулмилал хабар додааст.

«Ман бовар надорам, ки Ҷӯраев ихтиёрӣ ба ватан баргашта бошад, зеро ӯ то охирин дам изҳори ташвиш мекард, ки дар ватан мавриди рафтори бераҳмонаву шиканҷа қарор мегирад. Ғайр аз ин, шиносномаи ӯ то ҳанӯз дар дасти ман аст. Чӣ тавр ӯ бидуни ҳуҷҷат ба ватан баргаштааст?», – иброз доштааст Ставитская.

Ёдрас мекунем, ки санаи 29-уми март пас аз озодӣ тоҷири дар Маскав нопадидшудаи тоҷик, собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Низомхон Ҷӯраев дар шаҳри Душанбе пайдо шуд. Сипас тавассути телевизион суханронии ӯ намоиш дода шуд.

Дар суханронии худ Ҷӯраев гуфт, ба хотири модари 79-солааш ихтиёрӣ ба ватан баргаштааст. Ӯ иброз дошт, ки дар ватан будан беҳтар аст. Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки гуноҳҳои худро эътироф менамояд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...