Кӯмаки Арабистони Саудӣ баҳри такмили дониши имомхатибон

Date:


Дар вохӯрии раиси Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҶТ Абдураҳим Холиқов ва ҳайати расмии Арабистони Саудӣ таҳти сарварии ваколатдори Вазорати умури Ислом, вақф ва даъвати ин кишвар Абдулазиз ибн Абдуллоҳ ал Аммор изҳор шуд, ки Арабистони Саудӣ ҷиҳати баргузории давраҳо (курсҳо)-и омӯзишӣ барои такмили донишҳои динии имомхатибони Тоҷикистон омода аст.

Тавре ба islamnews.tj аз Кумитаи умури дин хабар доданд, ҳайати Арабистони Саудӣ изҳор кардааст, ки ба ташкили марказҳои таълимӣ барои омӯзиши имомхатибон омода аст. «Чӣ гуна ва дар куҷо баргузор шудани ин давраҳои омӯзишӣ барои имомхатибон бо дастгирии Арабистони Саудӣ ҳанӯз маълум нест. Гуфтушунидҳо дар ин самт идома ёфта, ҳамчунин барои амалӣ гардидани он заминаи дахлдори таълимӣ ва қонунгузорӣ низ омода хоҳад шуд», – гуфтанд дар Кумита.

Ёдрас мекунем, ки соли 2011 Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҶТ барои такмили ихтисоси 448 нафар имомхатибони ҷумҳурӣ 11 давраи омӯзишии кӯтоҳмуддат доир кард. Дар ин давраҳои омӯзишӣ барои имомхатибон мутахассисони Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат, намояндагони Академияи улум, Суди конститутсионӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи умури дин, Маркази исломии ҷумҳурӣ ва ҳамчунин намояндагони мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе машғулиятҳо баргузор намуданд.

Ғайр аз ин, соли гузашта бо мақсади такмили ихтисос ва шиносоӣ бо фаъолияти имомхатибони масҷидҳо дар хориҷи кишвар, панҷ нафар имомхатибони масҷидҳои ҷомеи кишвар ба Туркия ва боз 13 нафар ба Қувайт сафарбар шуда буданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...