Муовинони раиси пойтахт мушкилоти сокинонро дар маҳалҳо ҳал мекунанд

Date:


Шурӯъ аз имрӯз муовинони раиси шаҳри Душанбе мунтазам бо сокинони пойтахт вохӯриҳо доир месозанд. Дар ин бора аз ҷониби раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев қарори дахлдор ба имзо расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯйи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, ҳар ҳафта аз рӯзи душанбе то панҷшанбе пас аз анҷоми рӯзи корӣ мансабдорон дар маҳаллаҳои аҳолинишини сернуфуси пойтахт бо аҳолӣ мулоқотҳо анҷом медиҳанд. Ин вохӯриҳо то 31-уми октябр идома меёбанд.

Дар вохӯриҳои мазкур ҳамчунин раисони ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони шуъбаҳои мақомоти шаҳрдорӣ, хадамоти коммуналӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ ширкат хоҳанд варзид.

Ба гуфтаи Саидов, ин ташаббус ба ҳалли мушкилоти сокинони пойтахт мустақиман дар маҳалҳо равона шудааст. Дар хусуси сана ва ҷойи баргузории вохӯрӣ сокинони маҳаллаҳои аҳолинишин тавассути ҳукуматҳои маҳаллӣ огоҳ карда мешаванд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...