Ҳаракати нақлиёт ба минтақаи шарқи ҷумҳурӣ барқарор шуд

Шаби гузашта ҳаракати нақлиёт ба минтақаи шарқи ҷумҳурӣ тавассути роҳи мошингарди Лабиҷар-Тавилдара, ки шаби 13-уми май бар асари сангфароӣ хароб гардида буд, пурра барқарор карда шуд. Ба ҳаракати нақлиёт тавассути ин роҳ иҷозат дода шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар дод, субҳи имрӯз дар тамоми роҳҳои автомобилгарди кишвар ҳаракати […]


Шаби гузашта ҳаракати нақлиёт ба минтақаи шарқи ҷумҳурӣ тавассути роҳи мошингарди Лабиҷар-Тавилдара, ки шаби 13-уми май бар асари сангфароӣ хароб гардида буд, пурра барқарор карда шуд. Ба ҳаракати нақлиёт тавассути ин роҳ иҷозат дода шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар дод, субҳи имрӯз дар тамоми роҳҳои автомобилгарди кишвар ҳаракати нақлиёт бемамониат таъмин аст.

Ёдрас мекунем, ки бар асари заминларзаи шаби 13-уми майи соли равон дар километри 23-юми роҳи мошингарди Лабиҷар-Тавилдара, ки минтақаи шарқи ҷумҳуриро бо маркази кишвар мепайвандад, сангфароӣ ба вуқуъ пайваста, ҳаракати нақлиёт тавассути ин роҳ ғайриимкон шуда буд.

Дар натиҷаи сангфароӣ беш аз 150 метри роҳи мошингард хароб гардида, баландии сангтӯдаҳо дар баъзе қисмати роҳ то 6 метр мерасид.

Ба корҳои тозакунии ин қитъаи роҳ техника ва мутахассисони Вазорати нақлиёт ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ сафарбар карда шуданд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.