Муовинони раиси пойтахт мушкилоти сокинонро дар маҳалҳо ҳал мекунанд

Шурӯъ аз имрӯз муовинони раиси шаҳри Душанбе мунтазам бо сокинони пойтахт вохӯриҳо доир месозанд. Дар ин бора аз ҷониби раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев қарори дахлдор ба имзо расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯйи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, ҳар ҳафта аз рӯзи душанбе то панҷшанбе пас аз анҷоми рӯзи корӣ мансабдорон дар маҳаллаҳои […]


Шурӯъ аз имрӯз муовинони раиси шаҳри Душанбе мунтазам бо сокинони пойтахт вохӯриҳо доир месозанд. Дар ин бора аз ҷониби раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев қарори дахлдор ба имзо расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯйи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, ҳар ҳафта аз рӯзи душанбе то панҷшанбе пас аз анҷоми рӯзи корӣ мансабдорон дар маҳаллаҳои аҳолинишини сернуфуси пойтахт бо аҳолӣ мулоқотҳо анҷом медиҳанд. Ин вохӯриҳо то 31-уми октябр идома меёбанд.

Дар вохӯриҳои мазкур ҳамчунин раисони ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони шуъбаҳои мақомоти шаҳрдорӣ, хадамоти коммуналӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ ширкат хоҳанд варзид.

Ба гуфтаи Саидов, ин ташаббус ба ҳалли мушкилоти сокинони пойтахт мустақиман дар маҳалҳо равона шудааст. Дар хусуси сана ва ҷойи баргузории вохӯрӣ сокинони маҳаллаҳои аҳолинишин тавассути ҳукуматҳои маҳаллӣ огоҳ карда мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.