ВКХ: Иттилои ифтитоҳи консулгарии Чин дар Хоруғ воқеият надорад

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабари кушода шудани Консулгарии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро, ки дар саҳифаи интернетии ББС, аз 8 майи соли 2012, зери унвони “Қодири Қосим: Дар Бадахшон консулгарии Чин боз мешавад” ба табъ расида, баъдан дар дигар хабаргузориҳо пахш шуд, беасос мешуморад. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии […]


Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабари кушода шудани Консулгарии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро, ки дар саҳифаи интернетии ББС, аз 8 майи соли 2012, зери унвони “Қодири Қосим: Дар Бадахшон консулгарии Чин боз мешавад” ба табъ расида, баъдан дар дигар хабаргузориҳо пахш шуд, беасос мешуморад.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, мувофиқи қоидаҳои қабулгашта, ифтитоҳи консулгариҳои дигар давлат дар шаҳру вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси принсипҳои мутақобила ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин боиси тазаккур аст, ки ҷониби Чин оид ба кушодани консулгарии худ дар ВМКБ муроҷиат накардааст.

 Бояд қайд намуд, ки дар рафти вохӯрӣ бо тоҷирони бадахшонӣ раиси ВМКБ Қодири Қосим арз намуд, ки барои сабук кардани рафтуомади тоҷирон ба Чин роҳбарияти вилоят ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нома ирсол намудааст. Дар он хоҳиш шудааст, ки барои сабук кардани мушкили тоҷирон дар гирифтани раводид барои сафар ба Чин чорае андешида шавад.

 Зикр гардид, ки ин мавзӯъ мавриди баррасӣ қарор дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.