Вазъи мелиоративии беш аз 40 ҳазор га замин таассуфовар аст

Таҳти раёсати муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев оид ба амалӣ гардидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009 «Доир ба тадбирҳои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010–2014» ҷаласаи муҳокимаи ошкорои парлумонӣ баргузор гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии […]


Таҳти раёсати муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев оид ба амалӣ гардидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009 «Доир ба тадбирҳои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010–2014» ҷаласаи муҳокимаи ошкорои парлумонӣ баргузор гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар музокирот таъкид гардид, ки имрӯз ба сари ҳар як сокини мамлакат 0,08 гектар замини корами обӣ рост меояд, ки ин дар қиёс бо давлатҳои дигари Осиёи Марказӣ нишондиҳандаи аз ҳама камтарин мебошад. Дар баробари ин аз соли 2000-ум то соли 2011-ум истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар мамлакат 2,5 баробар афзудааст.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ ва экология Саиди Ёқубзод дар суханронии худ таъкид дошт, ки новобаста ба чораҳои андешидашуда, ҳоло ҳам дар ҷумҳурӣ дар соҳаи мелиоратсия ва захираҳои об мушкилоти ҳалталаб зиёданд. Тибқи маълумотҳо, вазъи мелиоративии зиёда аз 40 ҳазор гектар замин ғайриқаноатбахшу тааассуфовар мебошад.

Номбурда вобаста ба ҳалли мушкилоти дар соҳа ҷойдошта ибрози назар намуда, ҳамзамон пешниҳод кард, ки амалигардонии сиёсати давлат оид ба татбиқи барномаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва такмили сохтори идораи давлатӣ, инчунин ҳамкориҳои мутақобилаи судманд бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати вусъат додани ҷараёни сармоягузорӣ ба иқтисодиёти кишвар ва ҷалби бештари кӯмаки беруна метавонад яке аз воситаҳои ҳалли мушкилоти соҳа гардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.