«Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр» нархи билети Маскавро арзон мекунанд

Date:


Ширкатҳои ҳавопаймоии тоҷикистонии «Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр» нархи билети ҳавопаймо ба хатсайри Душанбе-Маскавро арзон мекунанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати «Тоҷик Эйр» хабар доданд, дар даҳаи сеюми моҳи май ширкат ният дорад, ки нархи билети ҳавопаймо ба самти шаҳри Маскавро аз 450 еврои кунунӣ то ба 440 Евро поин барад.

Ҳамчунин аз ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» низ хабар доданд, ки аввали моҳи июн арзиши билети ҳавопаймои хатсайри Душанбе-Маскав аз 400 евро  то 370 евро поин бурда хоҳад шуд.

Дар хадамоти матбуоти ширкати «Сомон Эйр» гуфтанд, сарфи назар аз афзоиши тарофаҳои хизматрасониҳои фурудгоҳ, ширкат ин иқдомро зери таъсири муҳити рақобатпазирӣ ва дар робита ба коҳиши шумори мусофирон рӯйи кор оварданист.

«Айни замон ҳамарӯза тавассути хатсайри Душанбе-Маскав аз ҷониби ширкатҳои гуногуни ҳавопаймоӣ 4 парвоз анҷом дода мешавад. Ғайр аз ин, ба самти шаҳри Маскав парвозҳо аз фурудгоҳҳои шаҳрҳои Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва Хуҷанд низ сурат мегиранд», – гуфтанд дар хадамоти матбуоти ширкат.

Ба қавли котиби матбуотии ширкати ҳавопаймоӣ Тимур Бандишоев, бо ифтитоҳи хатсайр ба шаҳри Киев, мусофирон акнун аз он низ истифода мекунанд, то ки тавассути транзит аз он ҷо то Маскав расанд.

Бандишоев мегӯяд, феълан арзиши билет ба хатсайрҳои дигари сермусофир, аз ҷумла ба самти Истамбул – 249 евро, Дубай – 200 евро, Санкт-Петербург – 380 евро ва Киев – 220 евроро ташкил медиҳанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...