Ҳамоиши бинокорону соҳибкорон дар Кӯлоб

Date:


Чанде қабл дар шаҳри Кӯлоб раиси Ассотсиатсияи бинокорони Тоҷикистон Файзулло Раҷабов ҳамоиши бинокорони минтақаро доир намуд.

Яке аз иштирокчиёни ҳамоиш, раиси трести «Кӯлобдеҳотсохтмон» Бобоҷон Пираков дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки имрӯз соҳаи сохтмони минтақаро давраи мушкиле домангир буда, барои бунёди иншоот маблағи кофӣ ҷудо намегардад.

«Низоми андозситонӣ ба беҳбудӣ ниёз дошта, арзиши масолеҳи сохтмон рӯз то рӯз дар ҳоли афзоиш аст ва бинобар сабаби моҳҳо бекор мондан, бинокорони соҳибкасб муҳоҷирати меҳнатиро ихтиёр мекунанд», – гуфт ӯ.

Номбурда мегӯяд, маблағҳо барои сохтмон тибқи назардошти нархҳои давлатӣ ҷудо мешаванд, вале масолеҳ бо нархи бозорӣ дастрас мегардад, ки ин ҳолат ба саривақт ва босифат анҷом додани корҳои сохтмони мушкилоти зиёд эҷод мекунад.

«Дар ҳамоиш масоиле, ки онро бинокорон мустақилона ҳал карда метавонанд, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд», – афзуд номбурда.

Дар ҳамин ҳол, зикр гардид, ки тайи 15 соли ахир танҳо дар шаҳри Кӯлоб шумори корхонаҳои сохтмонӣ 11 адад зиёд шудааст.

Ҳамчунин дар шаҳри Кӯлоб аз ҷониби Кумитаи амволи давлатӣ ҳамоиши соҳибкорон созмон дода шуд. Дар он ба ҷуз баррасии масоили рӯзмарра, ба таҳияи пешниҳодоти муфид ба қонуни нав дар бораи соҳибкорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...