Ҳамоиши бинокорону соҳибкорон дар Кӯлоб

Чанде қабл дар шаҳри Кӯлоб раиси Ассотсиатсияи бинокорони Тоҷикистон Файзулло Раҷабов ҳамоиши бинокорони минтақаро доир намуд. Яке аз иштирокчиёни ҳамоиш, раиси трести «Кӯлобдеҳотсохтмон» Бобоҷон Пираков дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки имрӯз соҳаи сохтмони минтақаро давраи мушкиле домангир буда, барои бунёди иншоот маблағи кофӣ ҷудо намегардад. «Низоми андозситонӣ ба беҳбудӣ ниёз дошта, […]

Турко Дикаев


Чанде қабл дар шаҳри Кӯлоб раиси Ассотсиатсияи бинокорони Тоҷикистон Файзулло Раҷабов ҳамоиши бинокорони минтақаро доир намуд.

Яке аз иштирокчиёни ҳамоиш, раиси трести «Кӯлобдеҳотсохтмон» Бобоҷон Пираков дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки имрӯз соҳаи сохтмони минтақаро давраи мушкиле домангир буда, барои бунёди иншоот маблағи кофӣ ҷудо намегардад.

«Низоми андозситонӣ ба беҳбудӣ ниёз дошта, арзиши масолеҳи сохтмон рӯз то рӯз дар ҳоли афзоиш аст ва бинобар сабаби моҳҳо бекор мондан, бинокорони соҳибкасб муҳоҷирати меҳнатиро ихтиёр мекунанд», – гуфт ӯ.

Номбурда мегӯяд, маблағҳо барои сохтмон тибқи назардошти нархҳои давлатӣ ҷудо мешаванд, вале масолеҳ бо нархи бозорӣ дастрас мегардад, ки ин ҳолат ба саривақт ва босифат анҷом додани корҳои сохтмони мушкилоти зиёд эҷод мекунад.

«Дар ҳамоиш масоиле, ки онро бинокорон мустақилона ҳал карда метавонанд, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд», – афзуд номбурда.

Дар ҳамин ҳол, зикр гардид, ки тайи 15 соли ахир танҳо дар шаҳри Кӯлоб шумори корхонаҳои сохтмонӣ 11 адад зиёд шудааст.

Ҳамчунин дар шаҳри Кӯлоб аз ҷониби Кумитаи амволи давлатӣ ҳамоиши соҳибкорон созмон дода шуд. Дар он ба ҷуз баррасии масоили рӯзмарра, ба таҳияи пешниҳодоти муфид ба қонуни нав дар бораи соҳибкорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.