Соли равон ҳудуди 2 ҳазор сокинони Хатлон ба ҳаҷ мераванд

Соли равон ҳудуди 2 ҳазор сокинони вилояти Хатлон ба ҳаҷ мераванд. Тавре ба islamnews.tj сардори шуъбаи умури дини ҳукумати вилояти Хатлон Сафарбек Шарифов хабар дод, соли равон ба сокинони вилоят барои зиёрати Хонаи Худо 1 ҳазору 837 квота ҷудо шудааст, ҳарчанд шумори хоҳишмандони сафари ҳаҷ бамаротиб зиёд аст. «Аз сокинони вилоят ҷиҳати анҷом додани сафари […]

Сайраҳмон Назриев


Соли равон ҳудуди 2 ҳазор сокинони вилояти Хатлон ба ҳаҷ мераванд.


Тавре ба islamnews.tj сардори шуъбаи умури дини ҳукумати вилояти Хатлон Сафарбек Шарифов хабар дод, соли равон ба сокинони вилоят барои зиёрати Хонаи Худо 1 ҳазору 837 квота ҷудо шудааст, ҳарчанд шумори хоҳишмандони сафари ҳаҷ бамаротиб зиёд аст.

«Аз сокинони вилоят ҷиҳати анҷом додани сафари ҳаҷ ҳудуди 5 ҳазор ариза ворид шуда, қисмате аз онҳо ҳанӯз аз соли 2009 дар навбатанд ва дар навбати аввал маҳз миёни онҳо квотаҳо тақсим карда мешавад», – гуфт вай.

С.Шарифов мегӯяд, агар шумори квота ба ҳамин миқдор боқӣ монад, то соли 2015 тамоми хоҳишмандони зиёрати макони муқаддаси мусулмонон аз вилояти Хатлон ба ҳаҷ рафта метавонанд.

«Албатта шумораи кунунии барои мо муқарраршуда кофӣ нест, вале мо ба афзоиши шумори квоатҳо барои сокинони вилоят салоҳият надорем», – иброз дошт ӯ.

Номбурда афзуд, айни замон аз ҷониби шуъба ба тамоми ҳукуматҳои шаҳру навоҳии вилоят супориш шудааст, ки зимни тақсими квотаҳо навбат ба инобат гирифта шуда, пеш аз ҳама аризаҳои соли 2009 воридшуда баррасӣ шаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.