Тақдими Қуръон бо ҳуруфи Брайл ба нобиноён

Бори нахуст дар Тоҷикистон ба нобиноён китоби Қуръони шариф бо ҳуруфи Брайл ба забони тоҷикӣ тақдим карда шуд. Маросими расмии тақдими китоб ба нобиноён дар Маркази исломии Тоҷикистон доир гардид. Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода зимни суханрониаш зикр кард, ки китоби Қуръон барои нобиноён аз ҷониби Маркази исломии ҷумҳурӣ дар ҳамдастӣ бо […]

ASIA-Plus


Бори нахуст дар Тоҷикистон ба нобиноён китоби Қуръони шариф бо ҳуруфи Брайл ба забони тоҷикӣ тақдим карда шуд. Маросими расмии тақдими китоб ба нобиноён дар Маркази исломии Тоҷикистон доир гардид.

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода зимни суханрониаш зикр кард, ки китоби Қуръон барои нобиноён аз ҷониби Маркази исломии ҷумҳурӣ дар ҳамдастӣ бо Ҷамъияти нобиноёни шаҳри Душанбе ва бо дастгирии ҳукумати кишвар нашр шудааст. Ба гуфтаи ӯ, теъдоди умумии нашри китоби мазкур алҳол 20 нусха буда, ҳар як маҷмӯъ аз 9 ҷилд иборат аст.

Раиси Ҷамъияти нобиноёни шаҳри Душанбе Холмаҳмад Тенгниев ба муфтиёту ҳукумат ва ҳамчунин ширкати «Фавз» барои кӯмак дар таъмини нобиноёни мусулмони Душанбе бо китоби Қуръон изҳори миннатдорӣ намуд.

Ҷонибҳо зикр карданд, ки минбаъд низ омодаанд барои нобиноёни ҷумҳурӣ китоби Қуръонро ба нашр расонанд. С.Абдуқодирзода дар ҷамъи журналистон изҳор дошт, ки Маркази исломӣ омода аст, ки барои нобиноён натанҳо адабиёти динӣ, балки дигар китобҳоеро низ ба нашр расонад, ки таваҷҷуҳи нобиноёнро ба зиндагиву эҷод ва кор бедор созад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.