То 4 км расидани корҳои пармакунӣ дар чоҳи «Шаҳринав-1п»

Gazprom International дар чоҳи «Шаҳринав-1п»-и майдони нафтугаздори Сариқамиш дар Тоҷикистон аз чуқурии 6 ҳазору 300 метри пешбинишуда то 4 ҳазор метр корҳои пармакуниро ба анҷом расонид. Тавре аз хадамоти матбуоти намояндагии Gazprom International дар Тоҷикистон хабар доданд, дар чаҳорчӯби сохтмони чоҳи мазкур воридоти техникаву таҷҳизоти зарурӣ идома дорад, зеро корҳои пармакунии чоҳ дар шароити душвори […]

Заррина Эргашева


Gazprom International дар чоҳи «Шаҳринав-1п»-и майдони нафтугаздори Сариқамиш дар Тоҷикистон аз чуқурии 6 ҳазору 300 метри пешбинишуда то 4 ҳазор метр корҳои пармакуниро ба анҷом расонид.

Тавре аз хадамоти матбуоти намояндагии Gazprom International дар Тоҷикистон хабар доданд, дар чаҳорчӯби сохтмони чоҳи мазкур воридоти техникаву таҷҳизоти зарурӣ идома дорад, зеро корҳои пармакунии чоҳ дар шароити душвори минтақаи кӯҳсор ва релефи мураккаби геологӣ сурат мегиранд.

Ба иттилои манбаъ, тибқи маълумоти пешакӣ, захираи газ дар майдони Сариқамиш дар ҳаҷми 18 млрд. метри мукааб, нафт – 17 млн. тонна ва гази моеъ дар таркиби нафт то 2 млрд. метри мукааб арзёбӣ мешаванд.

Дар робита ба муҳлати анҷоми сохтмони чоҳи «Шаҳринав-1п» изҳор гардид, ки маъмулан барои сохтмони чунин чоҳҳо на камтар аз 2-2,5 сол зарур аст.

Қобили зикр аст, ки ширкати Gazprom International моҳи декабри соли 2010 ба корҳои пармакунии чоҳи «Шаҳринав-1п» оғоз кард. Дар сохтмони чоҳ кори шабонарӯзӣ дар ду баст ба роҳ монда шудааст. Паймонкори иҷрои корҳои парамакунии чоҳ ҶДММ «Оренбургская буровая компания» мебошад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.