Kryso Resources: Дар кони «Пакрут» беш аз 100 тонна тило мавҷуд аст

Date:


Ширкати бритониёии Kryso Resources ният дорад, ки ахири соли равон дар кони «Пакрут»-и ноҳияи Ваҳдат ба истихроҷи тило оғоз кунад.

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» директори генералии корхонаи фаръии ширкат – ҶДММ «Пакрут» Абӯалӣ Исматов изҳор кард, ки ширкат барои истеҳсоли тило дар кони мазкур соли 2012 иҷозатнома гирифта, он то соли 2030 пешбинӣ мешавад.

«Феълан захираҳои истеҳсолии кони «Пакрут» беш аз 100 тонна тилоро ташкил дода, минбаъд ин нишондиҳанда шояд боз бештар гардад», – гуфт вай.

Ба гуфтаи ӯ, дар марҳилаи аввал ширкат ният дорад, ки дар муддати 4 сол ҳамасола 2 тонна тило истихроҷ намояд ва тадриҷан ин ҳаҷм зиёд хоҳад шуд.

«Айни замон барои рушди корхона 108 млн. $ маблағ зарур аст ва дар сурати боқӣ мондани нархи тило дар сатҳи 1 ҳазору 250 доллари ИМА барои 1 унсия, корхона дар муддати 2,7 сол худкифо хоҳад шуд», – афзуд номбурда.

Саргеологи ҶДММ «Пакрут» Мираҳмад Умаров мегӯяд, корхона минбаъд даромади хуб ба даст хоҳад овард, зеро дар ин кон ба ҳисоби миёна дар таркиби як тонна маъдан то 4,43 грамм тило дарёфт кардан имконпазир аст ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар миқёси ҷаҳон дар ҳолати дар 1 тонна маъдан мавҷуд будани 0,8 грамм тило, он кон ояндадор шуморида мешавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...