Kryso Resources: Дар кони «Пакрут» беш аз 100 тонна тило мавҷуд аст

Ширкати бритониёии Kryso Resources ният дорад, ки ахири соли равон дар кони «Пакрут»-и ноҳияи Ваҳдат ба истихроҷи тило оғоз кунад. Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» директори генералии корхонаи фаръии ширкат – ҶДММ «Пакрут» Абӯалӣ Исматов изҳор кард, ки ширкат барои истеҳсоли тило дар кони мазкур соли 2012 иҷозатнома гирифта, он то соли 2030 пешбинӣ […]

Заррина Эргашева


Ширкати бритониёии Kryso Resources ният дорад, ки ахири соли равон дар кони «Пакрут»-и ноҳияи Ваҳдат ба истихроҷи тило оғоз кунад.

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» директори генералии корхонаи фаръии ширкат – ҶДММ «Пакрут» Абӯалӣ Исматов изҳор кард, ки ширкат барои истеҳсоли тило дар кони мазкур соли 2012 иҷозатнома гирифта, он то соли 2030 пешбинӣ мешавад.

«Феълан захираҳои истеҳсолии кони «Пакрут» беш аз 100 тонна тилоро ташкил дода, минбаъд ин нишондиҳанда шояд боз бештар гардад», – гуфт вай.

Ба гуфтаи ӯ, дар марҳилаи аввал ширкат ният дорад, ки дар муддати 4 сол ҳамасола 2 тонна тило истихроҷ намояд ва тадриҷан ин ҳаҷм зиёд хоҳад шуд.

«Айни замон барои рушди корхона 108 млн. $ маблағ зарур аст ва дар сурати боқӣ мондани нархи тило дар сатҳи 1 ҳазору 250 доллари ИМА барои 1 унсия, корхона дар муддати 2,7 сол худкифо хоҳад шуд», – афзуд номбурда.

Саргеологи ҶДММ «Пакрут» Мираҳмад Умаров мегӯяд, корхона минбаъд даромади хуб ба даст хоҳад овард, зеро дар ин кон ба ҳисоби миёна дар таркиби як тонна маъдан то 4,43 грамм тило дарёфт кардан имконпазир аст ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар миқёси ҷаҳон дар ҳолати дар 1 тонна маъдан мавҷуд будани 0,8 грамм тило, он кон ояндадор шуморида мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.