Тангаҳои БМТ дар озмуни «Монетное созвездие – 2012»

Аз 15 апрели соли равон дар сомонаи озмуни “Монетное созвездие – 2012” www.gold10.ru овоздиҳии интернетии тангаҳо барои дарёфти ҷоизаи “Приз зрительских симпатий”оғоз ёфтааст. Ҳамон тангае соҳиби ҷоиза мегардад, ки шумораи бештари овозҳоро ба даст орад. Овоздиҳии интернетӣ то 31 майи соли равон идома меёбад. Эълони натиҷаҳо ва супоридани мукофотҳо ба ғолибон 14 июни соли 2012 […]

ASIA-Plus


Аз 15 апрели соли равон дар сомонаи озмуни “Монетное созвездие – 2012” www.gold10.ru овоздиҳии интернетии тангаҳо барои дарёфти ҷоизаи “Приз зрительских симпатий”оғоз ёфтааст.

Ҳамон тангае соҳиби ҷоиза мегардад, ки шумораи бештари овозҳоро ба даст орад. Овоздиҳии интернетӣ то 31 майи соли равон идома меёбад. Эълони натиҷаҳо ва супоридани мукофотҳо ба ғолибон 14 июни соли 2012 дар шаҳри Москва дар маросими тантанавии ҷамъбасти озмуни “Монетное созвездие – 2012”, дар доираи Сеюмин конференсияи байналхалқӣ ва намоишгоҳи тангаҳо КОИНС-2012 баргузор мегардад. Дар озмуни номбурда 250 тангаҳои Бонкҳои марказӣ ва сиккахонаҳо аз 29 давлати дунё ба маърази тамошобинон гузошта шудаанд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, тангаҳои Бонки миллии Тоҷикистон, ки ба озмуни номбурда пешниҳод шудаву дар он ширкат меварзанд, ба ифтихори “20–солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “20–солагии Иттиҳоди давлатҳои мустақил” ба муомилот бароварда шуда буданд.

Дар саҳифаи интернетии Бонки миллии Тоҷикистон баннери озмун бо ишора ба овоздиҳии интернетӣ ҷой дода шудааст. Аз муштариён ва хонандагон хоҳиш карда мешавад, ки тангаҳои миллии моро, ки дар озмун иштирок доранд, дастгирӣ намоянд ва мавқеи худро ба ҷонибдории он дар саҳифаи зерин: http://www.gold10.ru/cgi-bin/coins2012_rus.cgi  изҳор намоянд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.