Вазъи имконпазири сар задани бемориҳои сироятӣ дар макони офатзадаи минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ, ки ноҳияҳои Кӯлоб, Мӯъминобод ва Шӯроободро фаро мегирад, пурра таҳти назорати Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ қарор дорад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини сардори Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Мирзоалӣ Миралиев хабар дод, чанде қабл аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ба аҳолии аз офат осебдида ба миқдори кофӣ доруворӣ ва лавозимоти санитариву гигиенӣ фиристода шудааст.
Ба қавли вай, дар ин рӯзҳои пурташвиш захираҳои дорувории аксари муассисаҳои тиббӣ ба охир расида буданд. «Садҳо оилаҳое, ки манзили зисташон хароб шудаасту дар он зиндагӣ ғайриимкон аст, ба таври умумӣ ва дастаҷамъона дар хонаҳои хешовандону дӯстон зиндагӣ доранд ва маҳз дар ҳамин ҷойҳои ҷамъшавии аҳолии зиёд мо вазъи имконпазири сар задани бемориҳои сироятиро назорат мекунем», – гуфт ӯ ва афзуд, ки то санаи 15-уми май дар минтақаи офатзада ягон ҳолат гирифторӣ ба бемории сироятӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи апрел ва аввали моҳи майи соли равон бар асари боришоти шадид ва селфаройӣ ҳудуди 400 манзили зист дар минтақаи Кӯлоб қисман ё пурра хароб гардида, даҳҳо оила бесарпаноҳ монданд.


