То 4 км расидани корҳои пармакунӣ дар чоҳи «Шаҳринав-1п»

Date:


Gazprom International дар чоҳи «Шаҳринав-1п»-и майдони нафтугаздори Сариқамиш дар Тоҷикистон аз чуқурии 6 ҳазору 300 метри пешбинишуда то 4 ҳазор метр корҳои пармакуниро ба анҷом расонид.

Тавре аз хадамоти матбуоти намояндагии Gazprom International дар Тоҷикистон хабар доданд, дар чаҳорчӯби сохтмони чоҳи мазкур воридоти техникаву таҷҳизоти зарурӣ идома дорад, зеро корҳои пармакунии чоҳ дар шароити душвори минтақаи кӯҳсор ва релефи мураккаби геологӣ сурат мегиранд.

Ба иттилои манбаъ, тибқи маълумоти пешакӣ, захираи газ дар майдони Сариқамиш дар ҳаҷми 18 млрд. метри мукааб, нафт – 17 млн. тонна ва гази моеъ дар таркиби нафт то 2 млрд. метри мукааб арзёбӣ мешаванд.

Дар робита ба муҳлати анҷоми сохтмони чоҳи «Шаҳринав-1п» изҳор гардид, ки маъмулан барои сохтмони чунин чоҳҳо на камтар аз 2-2,5 сол зарур аст.

Қобили зикр аст, ки ширкати Gazprom International моҳи декабри соли 2010 ба корҳои пармакунии чоҳи «Шаҳринав-1п» оғоз кард. Дар сохтмони чоҳ кори шабонарӯзӣ дар ду баст ба роҳ монда шудааст. Паймонкори иҷрои корҳои парамакунии чоҳ ҶДММ «Оренбургская буровая компания» мебошад. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...