Дар вилояти Суғд мурофиаи судӣ нисбат ба гурӯҳи шахсони алоқаманд ба созмони мамнӯъшудаи Ҳаракати исломии Ӯзбекистон дар арафаи анҷомёбист.
Мурофиаи мазкур санаи 23-юми апрели соли равон дар тавқифгоҳи № 2-и шаҳри Хуҷанд оғоз гардид. Дар курсии айбдорӣ 17 нафар ҷавобгӯянд, ки 16 нафарашон сокинони деҳаи Ҷарбулоқи ҷамоати Ошобаи ноҳияи Ашт ва як тан сокини 22-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад. Синнусоли онҳо аз 22 то 50-соларо ташкил медиҳад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз суди вилоят хабар дод, айбдоркунандаи давлатӣ барои онҳо мӯҳлатҳои зиёди аз озодӣ маҳрум кардан – аз 11 то 25 солро дархост кардааст. Аз содир шудани ҳукм рӯзҳои наздик интизорӣ меравад.
Судшавандагон дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 187, қ. 2 (Иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) ё иттиҳоди ташкилотчиён, роҳбарон ва ё дигар намояндагони гурӯҳҳои муташаккил), 307, қ. 2 (Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ), 32, қ. 1 (Тайёрӣ ба ҷиноят, суисқасди ҷиноят) ва 306 (Бо зўроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зўроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият)-и КҶ ҶТ айбдор карда мешаванд.
Ба гуфтаи манбаъ, судшавандагон қисман ба гуноҳи худ иқрор шудаанд. «Панҷ нафари онҳо дар ӯрдугоҳҳои Вазиристони Покистон таълими ҳарбӣ гирифта, баҳри таблиғи малакаҳои азхудкарда ба ватан баргаштаанд», – гуфт сарчашма.
Чанде аз гумонбаршудагон 30-юми октябри соли 2011 аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд дастгир шуда, тибқи нишондоду баёноти онҳо аъзои боқмондаи гурӯҳи мазкур низ боздошт шудаанд.



