Дар Суғд ба афроди алоқаманд ба ҲИӮ ҳукм содир мешавад

Дар вилояти Суғд мурофиаи судӣ нисбат ба гурӯҳи шахсони алоқаманд ба созмони мамнӯъшудаи Ҳаракати исломии Ӯзбекистон дар арафаи анҷомёбист. Мурофиаи мазкур санаи 23-юми апрели соли равон дар тавқифгоҳи № 2-и шаҳри Хуҷанд оғоз гардид. Дар курсии айбдорӣ 17 нафар ҷавобгӯянд, ки 16 нафарашон сокинони деҳаи Ҷарбулоқи ҷамоати Ошобаи ноҳияи Ашт ва як тан сокини 22-солаи […]

Мавлуда Рафиева


Дар вилояти Суғд мурофиаи судӣ нисбат ба гурӯҳи шахсони алоқаманд ба созмони мамнӯъшудаи Ҳаракати исломии Ӯзбекистон дар арафаи анҷомёбист.

Мурофиаи мазкур санаи 23-юми апрели соли равон дар тавқифгоҳи № 2-и шаҳри Хуҷанд оғоз гардид. Дар курсии айбдорӣ 17 нафар ҷавобгӯянд, ки 16 нафарашон сокинони деҳаи Ҷарбулоқи ҷамоати Ошобаи ноҳияи Ашт ва як тан сокини 22-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад. Синнусоли онҳо аз 22 то 50-соларо ташкил медиҳад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз суди вилоят хабар дод, айбдоркунандаи давлатӣ барои онҳо мӯҳлатҳои зиёди аз озодӣ маҳрум кардан – аз 11 то 25 солро дархост кардааст. Аз содир шудани ҳукм рӯзҳои наздик интизорӣ меравад.

Судшавандагон дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 187, қ. 2 (Иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) ё иттиҳоди ташкилотчиён, роҳбарон ва ё дигар намояндагони гурӯҳҳои муташаккил), 307, қ. 2 (Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ), 32, қ. 1 (Тайёрӣ ба ҷиноят, суисқасди ҷиноят) ва 306 (Бо зўроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зўроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият)-и КҶ ҶТ айбдор карда мешаванд.

Ба гуфтаи манбаъ, судшавандагон қисман ба гуноҳи худ иқрор шудаанд. «Панҷ нафари онҳо дар ӯрдугоҳҳои Вазиристони Покистон таълими ҳарбӣ гирифта, баҳри таблиғи малакаҳои азхудкарда ба ватан баргаштаанд», – гуфт сарчашма.

Чанде аз гумонбаршудагон 30-юми октябри соли 2011 аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд дастгир шуда, тибқи нишондоду баёноти онҳо аъзои боқмондаи гурӯҳи мазкур низ боздошт шудаанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.