Анҷоми сафари гузоришгари махуси СММ оид ба шиканҷа ба Тоҷикистон

Имрӯз сафари ҳаштрӯзаи гузоришгари махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шиканҷа Хуан Мендес ба Тоҷикистон ба итмом мерасад. Интизор меравад, ки нимаи дуюми имрӯз Хуан Мендесро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур хоҳад пазируфт. Пас аз мулоқот бо сарвари давлати Тоҷикистон гузоришгари махсуси СММ аз натоиҷи сафараш бо журналистон табодули афкор хоҳад кард. Ёдрас мекунем, […]

Пайрав Чоршанбиев


Имрӯз сафари ҳаштрӯзаи гузоришгари махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шиканҷа Хуан Мендес ба Тоҷикистон ба итмом мерасад.

Интизор меравад, ки нимаи дуюми имрӯз Хуан Мендесро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур хоҳад пазируфт. Пас аз мулоқот бо сарвари давлати Тоҷикистон гузоришгари махсуси СММ аз натоиҷи сафараш бо журналистон табодули афкор хоҳад кард.

Ёдрас мекунем, ки Хуан Мендес санаи 10-уми май бо мақсади баҳо додан ба чораҳои аз ҷониби Ҳукумати кишвар андешида ҷиҳати мутобиқ намудани қонунгузории худ оид ба манъи шиканҷа ба стандартҳои байналхалқӣ ва баррасии вазъияти ҷабрдидагони шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо ба Тоҷикистон ташриф овард. Дар доираи сафар коршиноси озоди СММ бо намояндагони Ҳукумат, мақомоти қудратӣ, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов, намояндагони мақомоти қонунгузорӣ, ҳуқуқшиносн, аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намояндагони сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилотҳои байналхалқӣ мулоқот анҷом дод.

Хуан Мендес ҳамчунин бо шароити будубоши маҳбусон дар муассисаҳои ислоҳотии Тоҷикистон шинос шуд.

Қабл аз сафар ба Тоҷикистон Хуан Мендес изҳор карда буд, ки «ман қадамҳои аввалин ва чораҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷиҳати ҳаллу фасли масъалаҳои вобаста ба манъи ҷазои ҷисмонии кӯдакон дидашуда, ҷорӣ намудани системаи алоҳида оид ба ҳуқуқи наврасон ва эълон намудани мораторий ба ҳукми қатлро хуш мепазирам».

«Бо вуҷуди ин, дар қонунгузорӣ, сиёсат ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ камбудиҳои ҷиддӣ ба назар мерасанд ва ман тайёр ҳастам дар ин масъалаҳо ба мақомоти давлатӣ кӯмак расонам», – гуфта буд ҷаноби Мендес.

Интизор меравад, ки ӯ як ҳисоботи муфассале, ки дар он хулосаву тавсияҳои худро ба Иҷлосияи дарпешистодаи Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон баён кардааст, пешниҳод хоҳад кард.

Ёдрас мекунем, ки моҳи апрели соли равон тағйирот ба Кодекси ҷиноии ҶТ дар робита ба ворид сохтани моддаи алоҳидаи «Шиканҷа» (моддаи 143) ҳукми қонунӣ гирифт. Коршинсон бар ин назаранд, ки ҳарчанд қонунгузории ҷумҳурӣ ба меъёрҳои байнулмилалӣ ҷавобгӯ бошад ҳам, мушкилоти истифодаи шиканҷа дар Тоҷикистон масъалаи доғи рӯз боқӣ мемонад.

Созмони байнулмилалии Amnesty International ё Афви Байнулмилал дар остонаи сафари гузоришгари махсуси СММ оид шиканҷа ва дигар кирдору ҷазои золимона, ғайриинсонӣ ва пастзанандаи шаъну эътибор Хуан Мендес ба Тоҷикистон (10-18-уми май) аз ҳукуматдорони кишвар дархост карда буд, ки ҳодисаҳои муроҷиати шаҳрвандон дар бораи нисбати онҳо истифода шудани шиканҷа бояд мавриди тафтишоти объектививу беғаразона қарор гирифта, онҳоро аз мавридҳои таъқибот ҳимоя намоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.