Кишварҳои узви CASA-1000 таркиб ва маблағгузории лоиҳаро баррасӣ карданд

Date:


Таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Дубай (Аморати Муттаҳидаи Араб)  Ҷаласаи байниҳукуматии чор кишвари иштирокчии лоиҳаи «CASA-1000» (Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон баргузор шуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, Ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, Ҷумҳурии Қирғизистон муовини Вазири корҳои хориҷии Айтмурзоев Нурлан Ташмурзоевич, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Вазири энергетика ва захираҳои об Муҳаммад Исмоил Хон, Ҷумҳурии Исломии Покистон Вазири энергетика ва захираҳои об Саид Навид Қамар роҳбарӣ карданд.

Дар рафти ҷаласаҳо масъалаҳои вобаста ба таркиб ва маблағгузории лоиҳа баррасӣ шуд

Айни замон лоиҳа аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ, бонки Исломии Рушд ва Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дастгирӣ карда мешавад. Ҳамзамон бояд тазаккур дод, ки сохторҳои молиявӣ ва сармоягузорони дигар метавонанд дар татбиқи лоиҳа иштирок намоянд.

Дар ин робита бо ташаббуси Ҷониби Тоҷикистон ба ҷаласа як қатор сохторҳои молиявии байналмилалӣ ва кишварҳои араб, аз ҷумла Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ (OFID), Фонди саудии рушд, Фонди рушди Абу Дабӣ ва Фонди кувайтии арабии рушди иқтисодӣ бо мақсади мусоидат ба лоиҳаи «CASA-1000» даъват шуданд.

Ёдовар мешавем, ки чор кишвари Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон) имконияти якҷояи худро баҳри пайвастани хатҳои барқи миллии кишварҳои худ таҳти лоиҳаи муштарак «CASA-1000» равона намудаанд. Амалишавии лоиҳаи мазкур барои содир намудани барқи иловагии тавлидшавандаи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба бозори Покистон ва Афғонистон, ки ин кишварҳо аз нерўи барқ танқисӣ мекашанд имкон медиҳад. Ҳамчунин бояд тазаккур дод, ки дар татбиқи лоиҳа истифодаи технология ва таҷҳизотҳои муосир дар назар дошта шудааст.

Дар фарҷом протоколҳои ҷаласаҳои гурўҳҳои корӣ ва Шўрои байниҳукуматӣ ба имзо расонида шуданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...