Имрӯз дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе чорабинии «Рӯзи дарҳои кушод» доир мегардад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маъмурияти донишгоҳ хабар доданд, чорабинӣ соати 10-и субҳ оғоз гардида, то соати 16 идома меёбад.
Ба иттилои манбаъ, дар чаҳорчӯби чорабинӣ вохӯрии мақомоти раҳбарии донишгоҳ бо хатмкунандагони макотиби таҳсилоти умумии пойтахт ва манотиқи кишвар баргузор мешавад.
«Иштирокчиёни вохӯрӣ роҷеъ ба самтҳои фаъолияти донишгоҳ, факултаҳои амалкунанда, фанҳои таълимӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳашон маълумоти муфасссал дастрас карда метавонанд», – гуфт манбаъ.
Зикр гардид, ки дар «Рӯзи дарҳои кушод» хатмкунандагон макотиб ҳамчунин метавонанд бевосита аз факултаҳои донишгоҳ боздид намуда, бо ҳайати омӯзгорону донишҷӯён мулоқотҳо барпо кунанд.


