Супориши санҷиши сифати таъмири роҳҳои пойтахт

Date:


Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шахри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи кории шаҳрдорӣ оид ба баррасии масоили хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ ва ҳолати роҳҳои автомобилгарди шаҳрӣ баргузор гардид.

Тавре котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, дар кори ҷаласа роҳбарияти Бозрасии давлатии автомобилии ҷумҳурӣ, Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии  Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, прокуратураи шаҳри Душанбе дар радифи дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳрӣ, роҳбарони ҷамъиятҳои воситаҳои нақлиёти хусусии хизматрасони ҷамъиятӣ, корхонаҳои марбутаи коммуналии шаҳр,  комиссияҳои ҷамъиятии назоратбаранда аз фаъолияти хатсайрҳои мусофиркашонӣ ва фармоишгарону пудратчиёни ба таъмири роҳҳои шаҳр  масъулбуда ширкат варзиданд.

Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятии дар асоси Қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе аз ҳисоби кумитаҳои шаҳрии ҳизбҳои сиёсӣ ва воситаҳои ахбори оммаи мустақил созмон ёфтаро оид ба пешбурди назорати ҷамъиятӣ  аз фаъолияти хатсайрҳои мусофиркашонӣ ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуда, аз прокуратураи шаҳр хоҳиш ба амал овард, ки дар радифи фаъолияти субъектҳои хизматрасони нақлиётӣ, кори комиссияҳои мазкурро низ маврид санҷиш қарор диҳад.

Бо муқаррар намудани охирин ҷазо ба муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдулҳақ Оев ва директори КВДК «Душанбенақлиётхадамотрасон» Абдуҳомид Шералиев ба масъулини Бозрасии давлатии автомобилӣ дастур фармуд, ки тибқи муқаррароти Қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе фаъолияти терминалҳои беруназшаҳриро барои пешгирӣ аз худсарона воридшавии нақлиёти байнишаҳрӣ ба ҳудуди шаҳр мавриди санҷиш ва назорати қатъӣ қарор дода шавад.

Бо дахли масоили таъмири роҳҳои бар асари сардиҳои зимистон харобгардида   ва сифати корҳои таъмирӣ аз тӯлкашии корҳо аз ҷониби бархе аз пудратчиён изҳори нигаронӣ намуда, қатъиян супориш дод, ки корҳои боқимондаро  бо сифати баланд ва дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин ба анҷом расонанд.

Дар робита ба ин аз прокуратураи шаҳр хоҳиш кард, ки назорати прокурориро вобаста ба сифати корҳои таъмиру азнавсозии роҳҳо пурзӯр намуда, комиссияи марбутаи депутатӣ дар ин самт корҳои таъмирӣ ва азнавсозии роҳҳои дар тӯли 10 сол аз ҷониби фармоишгарон ва пудратчиён аз ҳисоби маблаѓҳои буҷетӣ анҷомгирифтаро  аз нигоҳи мутобиқат ба меъёрҳои сохтмонӣ,  сифат ва мӯҳлати истифодабарӣ санҷиш намуда, унвонии Раиси шаҳр маълумот пешниҳод намояд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...