Ш.Шабдолов: Дар Тоҷикистон касе ба масъалаи энергияи бодӣ машғул нест

Агар дар ҷумҳурӣ ба масъалаи истифодаи энергияи бодӣ ба таври ҷиддӣ машғул мешуданд, як қатор маҳаллаҳои аҳолинишинро бо нерӯи барқи бодӣ таъмин кардан мумкин буд, – изҳор кард узви Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи МН МО ҶТ, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов. «Дар қаламрави кишвар мавзеъҳое мавҷуданд, ки дар онҳо метавон […]

Пайрав Чоршанбиев


Агар дар ҷумҳурӣ ба масъалаи истифодаи энергияи бодӣ ба таври ҷиддӣ машғул мешуданд, як қатор маҳаллаҳои аҳолинишинро бо нерӯи барқи бодӣ таъмин кардан мумкин буд, – изҳор кард узви Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи МН МО ҶТ, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов.

«Дар қаламрави кишвар мавзеъҳое мавҷуданд, ки дар онҳо метавон тавассути истгоҳҳои электрикии бодӣ нерӯи барқ истеҳсол намуд, – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Ш.Шабдолов. – Масалан, дар баъзе мавзеъҳои вилояти Суғд, минтақаи шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои Файзободу Мӯъминобод ва Шӯроободи вилояти Хатлон ҳамеша шамоли доимӣ мавҷуд аст ва дар ин ҷойҳо метавон истгоҳҳои барқии бодӣ бо иқтидори бузург бунёд намуда, эҳтиёҷоти аҳолӣ ба нерӯи барқро пурра қонеъ сохт».

Раиси ҲКТ мегӯяд, лекин дар Тоҷикистон касе ба масъалаи истифодаи энергияи бодӣ ҷиддӣ машғул нест. «Дар замони шӯравӣ баъзе корҳо дар ин самт анҷом дода шуда буданд, вале бо пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳеҷ кас сари ин масъала кор намекунад, – гуфт энергетик. – Мо то ҳанӯз харитаи қаламраверо, ки дар он доимо шамол мавҷуд аст, дар даст надорем. Дар ин самт корҳои зиёдеро мебояд анҷом дод, вале мутахассисони мо то ба ҳол ба он оғоз накардаанд. Бархе аз олимон ба баррасии ҷидии ин масъала кӯшиш карданд, вале касе ба онҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир накард».

Ш.Шабдолов таъкид кард, ки айни замон дар ноҳияҳои Файзободу Мӯъминобод дар ин самт корҳои таҷрибавӣ гузаронида мешаванд, аммо барои омӯзиши соҳаи мазкур воситаҳо ҳам нокофӣ буда, сохторҳои дахлдор ҳам чандон хоҳише надоранд.

Номбурда зикр кард, ки дар ҷумҳурӣ барои бунёди истгоҳҳои барқии бодӣ заминаи қонунгузорӣ мавҷуд аст, зеро аввали соли 2010 Қонуни ҶТ «Дар бораи истифодаи сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия» қабул шуда, он аз ҷумла муносиботи ҳуқуқӣ миёни мақомоти давлатӣ ва шахсони ҳуқуқиву воқеӣ дар бахши энергетикаи бодиро танзим мекунад.

Қобили зикр аст, ки дар як қатор кишварҳои дунё истеҳсоли нерӯи барқ бо истифода аз шамол босуръат дар ҳоли афзоиш аст. Аз ҷумла, соли 2010 дар Дания тавассути генераторҳои бодӣ 20%, дар Португалия – 16%, Ирландия – 14%, Испания – 13% ва Олмон – 8% аз ҳаҷми умумии нерӯи барқ истеҳсол шудааст.

Соли 2010 80 кишвари ҷаҳон нерӯи барқи аз истгоҳҳои бодӣ тавлидшударо бо мақсади тиҷорат истифода кардаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.