Мушкилоти мусофирони «Тоҷик-Эйр» дар фурудгоҳи Хуҷанд

Мусофирони хатсайри ҳавоии Хуҷанд-Душанбе, ки мебоист шоми рӯзи 20-уми май тавассути ҳавопаймои ширкати «Тоҷик-Эйр» ба Душанбе парвоз мекарданд, бинобар сабаби номусоидии обуҳаво, шабро дар толори интизории фурудгоҳ рӯз карданд. Мусофирон аз таъмин накардани онҳо бо оби нӯшокӣ, хӯроки гарм ва ҷойи истироҳат дар муддати 7 соат шикоят карданд. Ба идораи ОИ «Азия-Плюс» нусхаи аризаи мусофирон […]

Наргис Ҳамробоева


Мусофирони хатсайри ҳавоии Хуҷанд-Душанбе, ки мебоист шоми рӯзи 20-уми май тавассути ҳавопаймои ширкати «Тоҷик-Эйр» ба Душанбе парвоз мекарданд, бинобар сабаби номусоидии обуҳаво, шабро дар толори интизории фурудгоҳ рӯз карданд.

Мусофирон аз таъмин накардани онҳо бо оби нӯшокӣ, хӯроки гарм ва ҷойи истироҳат дар муддати 7 соат шикоят карданд.

Ба идораи ОИ «Азия-Плюс» нусхаи аризаи мусофирон ба унвони прокуратураи нақлиёти ноҳияи Бобоҷон Гафуров дастрас гардид, ки дар он бобати вазъи рухдода муфассал маълумот дода мешавад.

«Соати 20-у 30 дақиқаи вақти маҳаллӣ мо бояд ба Душанбе парвоз мекардем, вале ба иллати номусоидии обуҳаво парвоз ба таъхир гузошта шуд. Бо гузашти ҳар соате ба мо эълон мекарданд, ки парвози ҳавопаймо боз ба муддате мавқуф гузошта мешавад. Дар натиҷа мо бидуни оби ошомиданиву хӯроки гарм 7 соатро дар толори сарди интизории фурудгоҳи Хуҷанд гузаронидем. Миёни мо кӯдакону пиронсолон ва шаҳрвандони хориҷӣ ҳузур доштанд», – изҳор кардаанд мусофирон дар ариза.

Онҳо шабона ба намояндаи ширкати «Тоҷик Эйр» муроҷиат намудаанд, вале аз ӯ ҷавоби қаноатбахшеро интизор нашудаанд.

«Мусофирон тамоми шаб бо мушкилоти зиёде мувоҷеҳ гардиданд. Ҳатто ба мусофироне, ки ҳамроҳашон кӯдак доштанд, дар ҳуҷраи модару кӯдак ҷой дода нашуд. Мо аз беамалии ширкати масъули ҳамлу нақл хеле ошуфтаву дар тааҷҷубем», – изҳор кард ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз мусофирони хатсайри ҳавоии Хуҷанд-Душанбе Дмитрий Прудских.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.