Татяна Бажан, раҳбари раёсати мусоидат ба ҳамгироии Хадамоти федеролии муҳоҷирати Федеросюни Русия ва Виктор Семенев, раҳбари Намояндагии ин Хадамот дар Тоҷикистон, дар боздиде аз Намояндагии ФБҶ СС ва ҲА дар Душанбе мавзӯъи ҳамкории эҳтимолӣ ҷиҳати ироаи хадамоти иттилоотӣ ва омӯзишӣ ба муҳоҷирони кории тоҷикро баррасӣ карданд.
Тавре Aбдулфаттоҳ Шафиев, мушовир дар масоили тамос бо ҷомеа, ФБҶ СС ва ҲА /ҶҲАТ хабар дод, Эрик Мишел-Селйе, раҳбари Намояндагии Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶ СС ва ҲА) дар Тоҷикистон, бо истиқбол аз меҳмонон ба муҳиммият ва авлавияти таълими муҳоҷирони феълӣ ва эҳтимолӣ таъкид намуд. Ӯ ҳамчунин гуфт, оилаҳои муҳоҷирон низ бояд пуштибонии равонӣ ва иҷтимоӣ бубинанд ва бо омӯзиш фаро гирифта шаванд. Ҷаноби Мишел-Селйе гуфт: “Шумори зиёде аз муҳоҷирони корӣ, ки кишварҳои худро тарк мекунанд, оид ба қонунгузориҳои кишвари мизбонашон ва бозори кори он кишвар иттилоъи кам доранд, мушкилоти забонӣ доранд ва ҳамаи ин омилҳо муҳоҷиронро осебпазир мегардонад. Дар ҳолатҳои зиёде, шароити зиндагӣ ва кории муҳоҷирон боиси сар задани маризиҳо мегардад ва ҳамчунин, муҳоҷиронро бо мушкилоти равонӣ рӯбарӯ мекунад. Барои муҳоҷирон муҳим аст, ки забони русиро биомӯзанд, қонунгузории марбут ба муҳоҷират ва корро биомӯзанд, ҳамзамон, малакаву ҳунар ва донишҳое, махсусан, оид ба фанновариҳои муосир дошта бошанд. Бар илова, оилаҳои муҳоҷирон бояд фаромӯш нашаванд ва аз нигоҳи равониву иқтимоӣ пуштибонӣ бибинанд, чунки барояшон муддатҳо дур будан аз фарзанду шавҳару бародар осон нест”.
Ҷаноби Мишел-Селйе меҳмононро бо барномаи минтақавии ФБҶ СС ва ҲА оид ба муҳоҷират шинос намуд, ки дар чаҳор ҷумҳурии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон, пиёда мегардад. Ин барнома, ки “Шабакаи ҷамъиятҳои Ҳилоли Аҳмари Осиёи Марказӣ оид ба масоили муҳоҷират” ном дорад, соли 2009 бо пуштибонии молии Иттиҳоди Аврупо роҳандозӣ гардида буд. Дар чаҳорчӯбаи ин лоиҳа аз 12 маркази иттилоотӣ-омӯзишӣ барои муҳоҷирон панҷтояш дар Тоҷикистон – дар Восеъ, Ашт, Шаҳристон, Панҷ ва Роштқалъа боз гардид.
Дилором Мирова, муовини дабири кулли Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, меҳмононро бо фаъолияти ин марказҳо шинос кард ва гуфт, дар тӯли роҳандозии лоиҳа дар солҳои 2009-2011, бештар аз 15 000 нафар аз хадамоти ройгони ин марказҳо баҳра бурдаанд. Ӯ гуфт: “Ин марказҳо мардумро бо қонунгузориҳо, ҷилавгирӣ аз маризиҳои гуногуни сироятӣ, ба мисли сил ва СПИД шинос карда, ҳамчунин, дар расонидани пайғомҳои муҳоҷирон ба оилаҳояшон ёрӣ мерасонад. Дар ин марказҳо, ҳамчунин, омӯзиши забони русӣ ва кор бо роёна низ ба роҳ монда шудааст”.
Татяна Бажан, раҳбари раёсати мусоидат ба ҳамгироии Хадамоти федеролии муҳоҷирати Федеросюни Русия, ки ахиран аз як чунин маркази иттилоотӣ-омӯзишӣ барои муҳоҷирон дар ноҳияи Восеъ дидан кард, гуфт, аз сатҳи касбии дарсҳои забони русӣ ва кор бо роёна дар ин марказ мутаҳаййир ва шод гардид. Бону Бажан ҳангоми нақл аз фаъолияти Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, ба чанде аз имконоти ҳамкорӣ ишора намуд. Виктор Семенев, раҳбари Намояндагии ин Хадамот дар Тоҷикистон, пешниҳод кард, ки дар мавриди таҳияи маводи иттилоотӣ барои муҳоҷирон ва ҳамчунин баргузории дарсҳои муштарак оид ба қонунгузориҳо ҳамкорӣ ба роҳ монда шавад.


