Ҳабсгириҳои аввалин дар робита ба парвандаи Низомхон Ҷӯраев

Собиқ айбдоркунандаи асосии давлатӣ оид ба парвандаи Низомхон Ҷӯраев, собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, Рустам Олимов ба ҳабс гирифта шуд. Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба собиқ сарпрокурори Раёсати назорати қонун дар қабули қарорҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноии Прокуратураи генералии Тоҷикистон Рустам Олимов мутобиқи моддаи 31, қ. 4, банди «г»-и КҶ ҶТ (Гирифтани пора […]

Олга Тутубалина


Собиқ айбдоркунандаи асосии давлатӣ оид ба парвандаи Низомхон Ҷӯраев, собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, Рустам Олимов ба ҳабс гирифта шуд.

Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба собиқ сарпрокурори Раёсати назорати қонун дар қабули қарорҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноии Прокуратураи генералии Тоҷикистон Рустам Олимов мутобиқи моддаи 31, қ. 4, банди «г»-и КҶ ҶТ (Гирифтани пора ба миқдори ниҳоят зиёд) санаи 17 майи соли равон боз шуд.

Бино ба маълумоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, дар давраи солҳои 2008-2009 Олимов ба сифати айбдоркунандаи давлатӣ дар баррасии парвандаи ҷиноии №1752 нисбат ба бародарони хурдии Низомхон Ҷӯраев – Фахриддин ва Толиб Ҷӯраев иштирок кардааст.

Парвандаи мазкур таҳти раёсати судяи Суди олии ҷумҳурӣ Нур Нуров баррасӣ шудааст.

Дар ҷараёни тафтишот муайян карда шудааст, ки Р.Олимов ва дигар мансабдорон зимни иҷрои вазифаҳои худ бо мақсади гирифтани пора ба миқдори ниҳоят зиёд бо ҷониби айбдоршаванда забон як мекунанд. Дар робита ба ин Р.Олимов дар шаҳри Душанбе бо хешовандони Ф.Ҷӯраев вохӯрда, ба мувофиқа мерасанд, ки дар асоси гуфтушуниди пешакӣ бо Н.Нуров ва гирифтани пора ба миқдори ниҳоят зиёд ба таъини ҷазои нисбатан сабуктар ба Фахриддин ва Толиб Ҷӯраевҳо мусоидат мекунанд.

Зимни баррасии парвандаи мазкур Р.Олимов шахсан ва тавассути миёнаравии як қатор шахсон, аз ҷумла бародараш П.Олимов ба сифати пора аз хешовандон ва наздикони Ҷӯраевҳо қисм-қисм дар ҳаҷми 350 ҳазор доллари ИМА маблағ гирифтааст.

Айни замон нисбат ба гумонбаршуда дар содир намудани ҷиноят Р.Олимов ва дигар шахсони дар он дастдошта чораи дар ҳабс нигоҳ доштан татбиқ мегардад.

Ба гуфтаи адвокати Низомхон Ҷӯраев, айни замон аз ҷониби Агентии зиддифасод тафтишот ҷараён дорад, зеро ӯ асосан дар содир намудани ҷиноёти иқтисодӣ айбдор карда мешавад. Санаи 29-уми март пас аз озодӣ тоҷири дар Маскав нопадидшудаи тоҷик, собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Низомхон Ҷӯраев дар шаҳри Душанбе пайдо шуд. Сипас тавассути телевизион суханронии ӯ намоиш дода шуд.

Ба гуфтаи адвокат Бахтиёр Насруллоев, айни замон Ҷӯраев бо шарти тарк накардани макони будубош дар озодӣ қарор дорад. Ба гуфтаи ӯ, макони будубоши Ҷӯраев ба хотири амнияти зерҳимояаш дақиқан махфӣ нигоҳ дошта мешавад. «Ман чанде қабл бо Ҷӯраев мулоқот доштам ва ӯ худро хуб ҳис мекунад», – гуфта буд ӯ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.