Болоравии нархи адои маросими ҳаҷ барои зойирини тоҷик

Соли равон зойирини тоҷик барои адои маросими ҳаҷ 3 ҳазору 629 доллари ИМА (17 ҳазору 600 сомонӣ) маблағ пардохт мекунанд, ки нисбат ба соли гузашта 180 доллари ИМА зиёдтар аст. Маблағ танҳо бо асъори миллӣ пардохт мегардад. Тавре ба islamnews.tj аз Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, арзиши сафари ҳаҷ ба иллати афзоиши […]

Меҳрангез Турсунзода


Соли равон зойирини тоҷик барои адои маросими ҳаҷ 3 ҳазору 629 доллари ИМА (17 ҳазору 600 сомонӣ) маблағ пардохт мекунанд, ки нисбат ба соли гузашта 180 доллари ИМА зиёдтар аст. Маблағ танҳо бо асъори миллӣ пардохт мегардад.

Тавре ба islamnews.tj аз Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, арзиши сафари ҳаҷ ба иллати афзоиши нархи билети ҳавопаймо боло рафтааст. Бо ин маблағ зоирини Хонаи Худо тавассути ҳавопаймо ба макони муқаддаси мусалмонон расонида шуда, бо меҳмонхона дар Маккаву Мадина, хӯроки севақта, кӯмаки тиббӣ, сарулибоси маъмулӣ, чорво барои қурбонӣ кардан, ҷомадон ва дигар хизматгузориҳои зарурӣ таъмин карда мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, бақайдгирии хоҳишмандони зиёрати Хонаи Худо дар кумита санаи 1-уми май оғоз гардида, то ахири моҳ идома меёбад. Парвози ҳавопаймоҳо ба Ҷидда аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр» анҷом дода мешавад.

Айни замон Кумитаи умури дин ба интихоби роҳбаладони гурӯҳҳо оғоз кардааст. Ҳар кадоме аз гурӯҳи зойирин аз 48 нафар иборат хоҳад буд. Кумита ният дорад, ки 125 нафар роҳбаладонро интихоб намояд. Маблағи сафари роҳбаладон аз ҷониби Кумитаи умури дин пардохт мешавад.

Соли равон Вазорати умури ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ барои адои маросими ҳаҷ ба Тоҷикистон ба ивази 5,5 ҳазор квотаи соли гузашта 6 ҳазор квота ҷудо кард.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.