Дар Душанбе бензин 10% арзон шуд

Аз оғози сол нархи бензин дар шаҳри Душанбе ба ҳисоби миёна 10% поин рафт. Бино ба маълумоти мониторинги Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, ахири моҳи декабри соли 2011 арзиши 1 литр бензини навъи Аи-92 ба 6,75 сомонӣ ва Аи-95 ба 7,50 сомонӣ баробар буд. Айни замон арзиши онҳо мутаносибан то 6,20 ва 6,60 сомонӣ […]

Заррина Эргашева


Аз оғози сол нархи бензин дар шаҳри Душанбе ба ҳисоби миёна 10% поин рафт.


Бино ба маълумоти мониторинги Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, ахири моҳи декабри соли 2011 арзиши 1 литр бензини навъи Аи-92 ба 6,75 сомонӣ ва Аи-95 ба 7,50 сомонӣ баробар буд. Айни замон арзиши онҳо мутаносибан то 6,20 ва 6,60 сомонӣ коҳиш ёфтааст.

Гуфта мешавад, арзиши бензин аз оғози сол тамоили пастравӣ доштааст. Масалан, ахири моҳи феврал нархи миёнаи бензин дар пойтахт аз 6,80 сомонӣ зиёдтар набуда, моҳи март бошад, он боз 10 дирам коҳиш ёфтааст.

Тавре аз Хадамоти зиддиниҳисории назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, сабаби коҳиши нархи бензин мувозинати талабот ва пешниҳод дар бозор аст. «Сабаби асссии пойинравии нархи бензин ҳархеласозии манбаъҳои воридот ва коҳиши истифодаи маводи сӯзишворӣ мебошад. Ба гунаи мисол, аксари автомашинаҳо айни замон ба истифода газ мегузаранд. Ғайр аз ин, ҳаҷми воридоти маводи сӯзишворӣ аз Туркманистон афзоиш ёфта, истеъмолгарон низ ба истифодаи сарфакоронаи бензин пардохтаанд», – гуфтанд дар хадамот.

Дар хадамоти зиддиинҳисорӣ изҳор карданд, ки ояндаи наздик дар бозори ҷумҳурӣ камбуди маводи сӯзишворӣ пешбинӣ намешавад, ки он низ ба коҳиши арзиши он таъсиргузор аст. Дар ҳамин ҳол, миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ нархи бензин дар Тоҷикистон аз ҳама баландтарин аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.