Мулоқоти президент бо ноиби президенти БҶ оид ба Аврупо ва ОМ

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Филипп Ле Уэруро ба ҳузур пазируфт. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилохъ доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону ин муассисаи ҷаҳонии молиявӣ баррасӣ шуд. Филипп Ле Уэру аз рафти Конфронси минтақавӣ доир ба муҳоҷират дар Душанбе, ки ҳадафи асосии […]

ASIA-Plus


Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Филипп Ле Уэруро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилохъ доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону ин муассисаи ҷаҳонии молиявӣ баррасӣ шуд.

Филипп Ле Уэру аз рафти Конфронси минтақавӣ доир ба муҳоҷират дар Душанбе, ки ҳадафи асосии сафараш ба Тоҷикистон мебошад, изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки Бонки ҷаҳонӣ омода аст дар беҳсозии идораи раванди муҳоҷират, аз ҷумла ташкили ҳунаромӯзии муҳоҷирони эҳтимолӣ, мусоидати худро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ афзун намояд.

Баррасии роҳҳои судбахши дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд.

Ҳарду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба густариши ҳамкорӣ, аз ҷумла дар татбиқи лоиҳаҳои минтақавии инфрасохторӣ таъкид намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.