Болоравии нархи адои маросими ҳаҷ барои зойирини тоҷик

Date:


Соли равон зойирини тоҷик барои адои маросими ҳаҷ 3 ҳазору 629 доллари ИМА (17 ҳазору 600 сомонӣ) маблағ пардохт мекунанд, ки нисбат ба соли гузашта 180 доллари ИМА зиёдтар аст. Маблағ танҳо бо асъори миллӣ пардохт мегардад.

Тавре ба islamnews.tj аз Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, арзиши сафари ҳаҷ ба иллати афзоиши нархи билети ҳавопаймо боло рафтааст. Бо ин маблағ зоирини Хонаи Худо тавассути ҳавопаймо ба макони муқаддаси мусалмонон расонида шуда, бо меҳмонхона дар Маккаву Мадина, хӯроки севақта, кӯмаки тиббӣ, сарулибоси маъмулӣ, чорво барои қурбонӣ кардан, ҷомадон ва дигар хизматгузориҳои зарурӣ таъмин карда мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, бақайдгирии хоҳишмандони зиёрати Хонаи Худо дар кумита санаи 1-уми май оғоз гардида, то ахири моҳ идома меёбад. Парвози ҳавопаймоҳо ба Ҷидда аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр» анҷом дода мешавад.

Айни замон Кумитаи умури дин ба интихоби роҳбаладони гурӯҳҳо оғоз кардааст. Ҳар кадоме аз гурӯҳи зойирин аз 48 нафар иборат хоҳад буд. Кумита ният дорад, ки 125 нафар роҳбаладонро интихоб намояд. Маблағи сафари роҳбаладон аз ҷониби Кумитаи умури дин пардохт мешавад.

Соли равон Вазорати умури ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ барои адои маросими ҳаҷ ба Тоҷикистон ба ивази 5,5 ҳазор квотаи соли гузашта 6 ҳазор квота ҷудо кард.  

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...