Ҳудуди 55 млн. $-и БОР баҳри таҷдиди дастгоҳи тақсимотии нерӯгоҳи «Норак»

Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Созишномаи бурсӣ миёни Тоҷикистону Бонки осиёгии рушд (БОР) оид ба лоиҳаи «Азнавсозии дастгоҳи кушоди тақсимотии 500 кВ дар НБО-и «Норак»-ро тасдиқ намуд. Созишномаи мазкурро ҷонибҳо ҳанӯз моҳи декабри соли 2007 ба имзо расонида буданд. Зимни шарҳи муҳтавои шартнома ба вакилон муовини раиси ШСХК «Барқи тоҷик» Сӯҳроб Раҳмов қайд кард, ки бо […]

Аваз Юлдошев


Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Созишномаи бурсӣ миёни Тоҷикистону Бонки осиёгии рушд (БОР) оид ба лоиҳаи «Азнавсозии дастгоҳи кушоди тақсимотии 500 кВ дар НБО-и «Норак»-ро тасдиқ намуд. Созишномаи мазкурро ҷонибҳо ҳанӯз моҳи декабри соли 2007 ба имзо расонида буданд.

Зимни шарҳи муҳтавои шартнома ба вакилон муовини раиси ШСХК «Барқи тоҷик» Сӯҳроб Раҳмов қайд кард, ки бо назардошти хусусиятҳои техникӣ, муҳлати ҳадди ниҳоии истифодаи таҷҳизоти мазкур 35 солро ташкил дода, он дар нерӯгоҳ соли 1982 насб гардида буд. «Ғайр аз ин, замини зери дастгоҳи мазкур мавриди таҳшиншавӣ қарор гирифтааст, ки метавонад ба пурра корношоям гардидани дастгоҳ пас аз 2-3 сол боис гардад», – гуфт вай.

Ба гуфтаи Раҳимов, БОР баҳри атабиқи лоиҳа 54,7 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо мекунад. «Тибқи натоиҷи тендер ширкати олмонии «Аустон» паймонкори кулли лоиҳа интихоб шуда, он ба анҷоми амалисозии лоиҳа то ахири соли 2013 уҳдадор шуд», – таъкид дошт номбурда.

Дар ҳамин ҳол, вакили парлумон, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов лоиҳаи «Азнавсозии дастгоҳи кушоди тақсимотии 500 кВ дар НБО-и «Норак»-ро барои таъмини минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ва корхонаи «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) муҳим арзёбӣ намуд. «Ғайр аз ин, бидуни амалисозии лоиҳаи мазкур татбиқи лоиҳаи минтақавии CASA-100 ҳеҷ маъное надорад», – афзуд раиси ҲКТ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд