Ҳукумат реҷаи раводид барои шаҳрвандони ИМА-ро бекор карданист

Дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ вакилон бидуни баррасӣ тағйироти иловашуда аз ҷониби президенти Тоҷикистон ба қонун «Дар бораи мақоми шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ дар қаламрави ҶТ»-ро якдилона маъқул шумориданд. Мутобиқи тағйироти қабулшуда, Тоҷикистон ба таври якҷониба метавонад реҷаи раводид барои шаҳрвандони як қатор кишварҳоро бекор созад. Зимни шарҳи тағйироти мазкур ба вакилон муовини вазири […]

Аваз Юлдошев


Дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ вакилон бидуни баррасӣ тағйироти иловашуда аз ҷониби президенти Тоҷикистон ба қонун «Дар бораи мақоми шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ дар қаламрави ҶТ»-ро якдилона маъқул шумориданд.

Мутобиқи тағйироти қабулшуда, Тоҷикистон ба таври якҷониба метавонад реҷаи раводид барои шаҳрвандони як қатор кишварҳоро бекор созад.

Зимни шарҳи тағйироти мазкур ба вакилон муовини вазири корҳои хориҷии ҶТ Маҳмудҷон Собиров иброз дошт, ки бархе аз кишварҳо, аз қабили Малайзияву Туркия ва Сингапуру Миср ба таври якҷониба реҷаи раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистонро бекор кардаанд.

«Дар навбати худ, ҳукумати Тоҷикистон ояндаи наздик бекор сохтани реҷаи раводид барои шаҳрвандони ИМА, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва як қатор давлатҳои минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқиро, ки дар кишвари мо ба муддати на зиёдтар аз як моҳ ҳузур доштанианд, ба нақша гирифтааст», – таъкид кард намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ.

Ба гуфтаи М.Собиров, бекор сохтани реҷаи раводид ба таври якҷониба ба ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба иқтисоди миллӣ, рушди сайёҳӣ ва ҳамчунин демократияи мардумӣ таъсири мусбат хоҳад гузошт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд