Тасҳеҳ: Маросими адои ҳаҷ барои тоҷикистониён 17,2 ҳазор сомонӣ арзиш дорад

Зимни мулоқот бо рӯҳониён ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳрҳои Роғуну Ваҳдат ва навоҳии Нурободу Рашт ва Ҷиргатолу Файзобод дар шаҳри Ваҳдат ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими паёми сарвари давлат раиси Кумитаи умури дини ҷумҳурӣ Абдураҳим Холиқов изҳор кард, ки дар зарфи 70 соли даврони шӯравӣ ҳамагӣ 23 нафар сокинони Тоҷикистон ба зиёрати Хонаи Худо […]

ASIA-Plus


Зимни мулоқот бо рӯҳониён ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳрҳои Роғуну Ваҳдат ва навоҳии Нурободу Рашт ва Ҷиргатолу Файзобод дар шаҳри Ваҳдат ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими паёми сарвари давлат раиси Кумитаи умури дини ҷумҳурӣ Абдураҳим Холиқов изҳор кард, ки дар зарфи 70 соли даврони шӯравӣ ҳамагӣ 23 нафар сокинони Тоҷикистон ба зиёрати Хонаи Худо мушарааф гардидаанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар зарфи 21 соли соҳибистиқлолӣ ҳудуди 120 ҳазор нафар тоҷикистониён адоми маросими ҳаҷро анҷом доданд.

Тавре аз Кумитаи умури дини ҷумҳурӣ хабар доданд, А.Холиқов аз имомхатибон ва кормандони масъули воҳидҳои кумита даъват кардааст, ки барои интихоби шаффофи зойирин ба ҳаҷ тамоми чораҳо андешида шавад.

Ба иттилои манбаъ, соли равон арзиши адои маросими ҳаҷ нисбат ба соли гузашта на ба миқдори 180 $, ки қаблан хабар дода шуда буд, балки ба андозаи 98 $ афзудааст. Бинобар бо асъори миллӣ пардохт намудани маблағ, баъзе нофаҳмиҳо рух додаанд. Ҳамин тариқ, соли равон арзиши маросими адои ҳаҷ барои шаҳрвандони Тоҷикистон 3 ҳазору 546 $ ё худ 17 ҳазору 200 сомониро ташкил медиҳад.

«Кумита бо Бонки миллии ҷумҳурӣ ва «Ориёнбонк» ҷиҳати то анҷоми маросими ҳаҷ аз 4,83 сомонӣ бештар нагардидани қурби доллари ИМА нисбат ба асъори миллӣ қарордод ба имзо расонид, зеро хароҷоти сафари ҳаҷ ба Арабистони Саудиро Кумита бо доллари ИМА пардохт менамояд», – илова карданд дар кумита.

Соли равон Вазорати умури ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ барои адои маросими ҳаҷ ба Тоҷикистон ба ивази 5,5 ҳазор квотаи соли гузашта 6 ҳазор квота ҷудо кард. Бо ин маблағ зоирини Хонаи Худо тавассути ҳавопаймо ба макони муқаддаси мусалмонон расонида шуда, бо меҳмонхона дар Маккаву Мадина, хӯроки севақта, кӯмаки тиббӣ, сарулибоси маъмулӣ, чорво барои қурбонӣ кардан, ҷомадон ва дигар хизматгузориҳои зарурӣ таъмин карда мешаванд.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст. Ӯ яке аз достонсароёни моҳир дар адабиёти навини тоҷик ба ҳисоб меравад ва дар тарбияти...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.