Намоишгоҳи байнулмилалии «ИнтерЛегПром-2012» дар Душанбе

Рӯзҳои 7-9-уми июни соли равон дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳ-ярмаркаи «ИнтерЛегПром-2012» доир мегардад. Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ интизорӣ доранд, ки дар он ба ҷуз корхонаву ширкатҳои ватанӣ, ширкатҳои муваффақи хориҷӣ низ ширкат меварзанд. Ҳадаф аз баргузории намоишгоҳ ҷалби сармояи хориҷӣ ба кишвар, таъсиси корхонаҳои муштарак ва ҷорӣ […]

Пайрав Чоршанбиев


Рӯзҳои 7-9-уми июни соли равон дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳ-ярмаркаи «ИнтерЛегПром-2012» доир мегардад.

Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ интизорӣ доранд, ки дар он ба ҷуз корхонаву ширкатҳои ватанӣ, ширкатҳои муваффақи хориҷӣ низ ширкат меварзанд.

Ҳадаф аз баргузории намоишгоҳ ҷалби сармояи хориҷӣ ба кишвар, таъсиси корхонаҳои муштарак ва ҷорӣ намудани технологияи муосир дар бахши саноати сабук аст. Дар доираи кори намоишгоҳ ҳамчунин дар мавзӯъҳои гуногун мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳо гузаронида мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ, дар намоишгоҳ технологияву таҷҳизот барои саноати сабуку корхонаҳои бофандагӣ, таҷҳизоти коркарди нахи пахта, чарм, абрешим, рангҳои молиданӣ, воситаҳои кимиёвӣ, матоъҳои гуногун, ришта, сарулибосу пойафзол, мебел барои хонаву идора, намунаҳои ҷиҳози бандубаст ва нишонагузорӣ ба маърази тамошо гузошта мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки Намоишгоҳи байнулмилалии саноати сабуки «ИнтерЛегПром» соли шашум аст, ки мунтазам дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Соли гузашта низ он аввали моҳи июн дар «Кохи Борбад» доир гардида буд. Соли гузашта дар намоишгоҳ маҳсулоти беш аз 30 ширкатҳо аз Русия, Чехия, Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон, Туркия, Чин ва корхонаҳои ватанӣ пешкаш гардида буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд