Таъсиси марказҳои ҷамъиятӣ барои кӯдакони оилаҳои камбизоат

Шуъбаи Ташкилоти байнулмилалии Институти «Ҷомеаи кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар вилоятҳои Суғду Хатлон 6 маркази ҷамъиятӣ боз мекунад. Марказҳои мазкур муассисаҳои ҷамъиятии таълимоти томактабӣ буда, барои таъмини таълиму тарбияи кӯдакони аз 3 то 7-сола, ки бо ягон сабабе ба кӯдакистонҳо намераванду аз таълими томактабӣ маҳруманд, пешбинӣ шудааст. Дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва ноҳияи Бохтари […]

Сайраҳмон Назриев


Шуъбаи Ташкилоти байнулмилалии Институти «Ҷомеаи кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар вилоятҳои Суғду Хатлон 6 маркази ҷамъиятӣ боз мекунад.

Марказҳои мазкур муассисаҳои ҷамъиятии таълимоти томактабӣ буда, барои таъмини таълиму тарбияи кӯдакони аз 3 то 7-сола, ки бо ягон сабабе ба кӯдакистонҳо намераванду аз таълими томактабӣ маҳруманд, пешбинӣ шудааст.

Дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон маросими расмии ифтитоҳи чунин марказҳо доир гардида, ба наздикӣ ба ин монанд марказҳо дар шаҳрҳои Кӯлоб, Хуҷанд, Қайроққум ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ боз мешаванд.

Мушовири шуъбаи маорифи шаҳри Қӯрғонтеппа Муътабар Раҳматова мегӯяд, феълан дар шаҳр ҳамагӣ 15%-и кӯдакон бо тарбия дар муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шудаанд.

«Ҳамасола беш аз 2 ҳазор нафар кӯдакон ба остонаи мактаб по мениҳанд, вале ҳамагӣ 300-350 нафари онҳо пас аз тарбия дар муассисаҳои томакатабӣ ба таҳсил оғоз мекунанд, – таъкид дошт Раҳматова. – Аз ин рӯ, мо ба роҳандозии чунин таҷриба манфиатдорем, то ки кӯдакони синнусоли томактабӣ ва пеш аз ҳама, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат дар чунин марказҳо барои таҳсил дар мактаб омода шаванд».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.