«Тоҷик Эйр» ба Исломобод хатсайри ҳавоӣ боз мекунад

Аввали моҳи июн ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ба анҷом додани парвозҳо тавассути хатсайри Душанбе-Исломобод-Душанбе оғоз мекунад. Тавре аз хадамоти матбуоти ҶСК «Тоҷик Эйр» хабар доданд, парвозҳо дар як ҳафта ду маротиба – рӯзҳои чорашанбе ва шанбе сурат мегиранд. Давомнокии парвоз 2 соату 30 дақиқаро ташкил дода, арзиши билет ба як самт 180 евроро ташкил медиҳад. […]

Заррина Эргашева


Аввали моҳи июн ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ба анҷом додани парвозҳо тавассути хатсайри Душанбе-Исломобод-Душанбе оғоз мекунад.

Тавре аз хадамоти матбуоти ҶСК «Тоҷик Эйр» хабар доданд, парвозҳо дар як ҳафта ду маротиба – рӯзҳои чорашанбе ва шанбе сурат мегиранд. Давомнокии парвоз 2 соату 30 дақиқаро ташкил дода, арзиши билет ба як самт 180 евроро ташкил медиҳад.

«Хатсайри мазкур мутобиқи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Покистон ва бо мусоидати корпусҳои дипломатии ҳарду кишвар ифтитоҳ мегардад. Ин самти парвоз барои ширкат нав буда, алҳол то кадом андоза зарурат доштани он барои аҳолӣ ва фоидаовар будани он маълум нест», – гуфтанд дар хадамоти матбуоти ширкат.

Ғайр аз ин, ба наздикӣ ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ният дорад, ки парвози ҳавоаймоҳо ба шаҳри дигари Покистон – Қарочиро дубора аз сар гирад.

«Парвозҳо ба шаҳри Қарочӣ моҳи сентябри соли 2001 бинобар сабаби бесуботии вазъ дар Афғонистон қатъ шуда буданд, вале имрӯз ба барқарор кардани парвозҳо ба ин самт шароити мусоид фароҳам аст», – гуфт манбаъ.

Дар робита ба истифодаи кадом навъи ҳавопаймоҳо дар ин самт дар ширкат изҳор доштанд, ки он ба шумори мусофирон вобаста хоҳад буд. «Дар сурати кам будани шумори мусофирон ҳавопаймоии МА-60 ва дар ҳолати зиёд будани мусофирон ҳавопаймои Боинг» истифода хоҳад гардид», – афзуд манбаъ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд