Оғози сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқии насли нав

Чанде қабл дар ҷамоати водии Язғуломи ноҳияи Ванҷи ВМКБ бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон ва Агентии ҳамкориҳои байналмилалии давлати Кореяи Ҷанубӣ (KOICA) бо ҷалби маблағҳои грантӣ сохтмони НБО-и хурди маҷроӣ оғоз гардид. Хишти аввали сохтмони НБО-и мазкурро Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ гузошт. Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар ҷамоати водии Язғуломи ноҳияи Ванҷи ВМКБ бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон ва Агентии ҳамкориҳои байналмилалии давлати Кореяи Ҷанубӣ (KOICA) бо ҷалби маблағҳои грантӣ сохтмони НБО-и хурди маҷроӣ оғоз гардид. Хишти аввали сохтмони НБО-и мазкурро Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ гузошт.

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, таҳияи асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи озмоишии НБО-и хурди маҷроии иншооти мазкур аз тарафи мутахассисони вазорат, ширкатҳои «Дохва Инжиниринг» ва «Экошин»-и Кореяи Ҷанубӣ амалӣ гардид.

Иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳи хурд 300 кВт-ро буда, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирфтани он 309 адад хоҷагиҳои деҳаҳои Мотравн, Шовут, дашти Шовут ва Будун, инчунин ду мактаб, як беморхона ва як кӯдакистон бо нерӯи барқ таъмин мегарданд. Иншооти мазкур, тибқи нақша то охири соли ҷорӣ ба истифода дода мешавад.

Дар маросими оғози корҳои сохтмони нерӯгоҳи хурди барқӣ-обӣ сафири Кореяи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Юон Ҷангу, раиси ВМКБ Қодири Қосим ва директори Агентии Ҳамкориҳои байналмилалии давлати Кореяи Ҷанубӣ (KOICA) Ли Киюнг Санг иштирок намуданд.

Дар ҳамин ҳол, қаблан аз ширкати «Pamir Energy» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дода буданд, ки нерӯгоҳи мазкур аз рӯйи технологияҳои навтарини муосир сохта хоҳад шуд. «Ин нерӯгоҳе хоҳад буд, ки канали дериватсионӣ ё худ нақби обгузар надорад ва бинои нерӯгоҳу тамоми таҷҳизот мустақиман дар болои дарё ҷойгир карда хоҳанд шуд», – гуфта буданд дар ширкат.

Тамоми таҷҳизоти нерӯгоҳ бевосита аз Кореяи Ҷанубӣ оварда шуда, дар давоми сохтмони муштарак бо мутахассисони кореягӣ барои сокинони маҳаллӣ 20 ҷойи нави корӣ фароҳам хоҳад шуд.

Ёдрас мекунем, ки қарори сохтмони нерӯгоҳи хурди барқӣ дар деҳаи Мотравни ноҳияи Ванҷ соли гузашта зимни вохӯрии вазири энергетика ва саноти Тоҷикистон Гул Шералӣ бо мақомоти раҳбарии Агентии ҳамкории байнулмилалии Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ (KOICA) қабул шуда буд.

Қобили зикр аст, ки «Pamir Energy» лоиҳаи муштараки ҳукумати Тоҷикистон, Созмони Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED), Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (IFC) ва Агентии Швейтсария оид ба рушди байнулмилалӣ буда, арзиши умумии лоиҳа ҳудуди 26,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор 10 млн. доллари ИМА ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон аст. Қарордод ба мудати 25 сол ба имзо расида, бо анҷоми он нерӯгоҳ ба моликияти Тоҷикистон мегузарад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд