Таъсиси гурӯҳи дӯстии Сейми Латвия ва парлумони Тоҷикистон

Дар Сейм (парлумон)-и Латвия гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо парлумони Тоҷикистон таъсис дода шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Шавкат Саидов хабар дод, гурӯҳи мазкури иборат аз 6 нафар вакилони парлумони Латвияро Александр Саковский роҳбарӣ мекунад. «Дар мактубе, ки раиси Сейми Латвия Салвита Аболтиня ба унвони раиси палатаи болоии […]

Аваз Юлдошев


Дар Сейм (парлумон)-и Латвия гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо парлумони Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Шавкат Саидов хабар дод, гурӯҳи мазкури иборат аз 6 нафар вакилони парлумони Латвияро Александр Саковский роҳбарӣ мекунад.

«Дар мактубе, ки раиси Сейми Латвия Салвита Аболтиня ба унвони раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ирсол кардааст, изҳори боварӣ карда мешавад, ки таъсиси чунин гурӯҳ ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва рушди ҳамкориҳои дуҷониба мусоидат менамояд», – гуфт Ш.Саидов.

Ба гуфтаи номбурда, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ ҳанӯз соли гузашта гурӯҳи дӯстиву ҳамкории парлумони Тоҷикистон ва Сейми Латвияро таҳти сарварии узви палатаи болоии парлумони кишвар Убайдулло Қурбонов таъсис дода буд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова