Қарзи «Агроинвестбонк» ба осебдидагони Мӯъминобод

ҶСК «Агроиневстбонк» барои осебдидагон аз офати табии моҳҳои май-апрели соли равон дар ноҳияи Мӯъминобод як хатти ҷудо кардани маблағи қарзӣ боз намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири идораи марказии бонк дар Кӯлоб Сайфиддин Қадамов хабар дод, ба ин мақсад 100 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ шуда, қарз ба аҳолии чорвои хурду калонашро талафдода ва баҳри харидани […]

Турко Дикаев


ҶСК «Агроиневстбонк» барои осебдидагон аз офати табии моҳҳои май-апрели соли равон дар ноҳияи Мӯъминобод як хатти ҷудо кардани маблағи қарзӣ боз намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири идораи марказии бонк дар Кӯлоб Сайфиддин Қадамов хабар дод, ба ин мақсад 100 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ шуда, қарз ба аҳолии чорвои хурду калонашро талафдода ва баҳри харидани хӯрока барои парвариши чорвои нав дода мешавад.

Қадамов мегӯяд, ин ташаббус аз ҷониби худи осебдидагон сурат гирифта, идораи бонк хоҳиши дубора барқарор кардани саршумори чорво аз ҷониби онҳоро дастгирӣ кардааст. «Дар ҳолатҳои ҷудогона қарз ҳамчунин ба оилаҳое, ки замини наздиҳавлигиашон пурра хароб гардидааст, низ пешниҳод мегардад», – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, идораи марказии ҶСК «Агроинвестбонк» дар минтақаи Кӯлоб ба оилаҳои осебдида аз офати табиӣ дар ноҳияҳои Шӯрообод, Мӯъминобод ва Кӯлоб ба маблағи 14 ҳазор сомонӣ бо маводи ғизойӣ кӯмак кард. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова