Истифодаи таҷрибаи Гурҷистон дар таҳияи Кодекси нави андоз

Чанде қабл вохӯрии муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ таҳти сарварии мудири бахши идоракунии иқтисодии гурӯҳи БҶ хонум Ивона Сиката доир гардид. Бино ба маълумоти Котиботи Вазорати молияи ҶТ, дар мулоқот атрофи масоили муҳиму рӯзмарра ва дурнамои ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногуни фаъолият табодули афкор сурат гирифт. Ҷонибҳо таҷрибаи Гурҷистон дар […]

Пайрав Чоршанбиев


Чанде қабл вохӯрии муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ таҳти сарварии мудири бахши идоракунии иқтисодии гурӯҳи БҶ хонум Ивона Сиката доир гардид.

Бино ба маълумоти Котиботи Вазорати молияи ҶТ, дар мулоқот атрофи масоили муҳиму рӯзмарра ва дурнамои ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногуни фаъолият табодули афкор сурат гирифт.

Ҷонибҳо таҷрибаи Гурҷистон дар самти содакунии андозбандӣ ва роҳандозии фаъолияти хадамоти гумрукро баррасӣ карданд. Чанде қабл таҳти сарварии Ҷ.Нуралиев ҳайати ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати шиносӣ бо ин масоил аз Гурҷистон боздид карда буд.

Муовини вазири молияи ҷумҳурӣ ҷиҳатҳои мусбат дар низоми идоракунии давлатии Гурҷистонро зикр карда, пешниҳод намуд, ки дар ҷараёни баргузории ислоҳот дар Тоҷикистон, аз ҷумла такмили варианти ниҳоии лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав таҷрибаи Гурҷистон ба инобат гирифта шавад.

Ёдрас мекунем, ки моҳи июни соли 2010 таҳти сарварии вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав таъсис дода шуд.

Лоиҳаи Кодекси андоз дар муҳлати муқарраршуда, яъне 1-уми апрели соли равон ба баррасии ҳукумат пешниҳод гардид, вале раиси ҳукумат, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо лоиҳа, бинобар ҷой доштани баъзе камбуду норсаоиҳо онро ҷиҳати коркарди дубора бозпас баргардонд.

Сарвари давлат ба гурӯҳи корӣ супориш дод, ки тамоми пешниҳодоти аз ҷониби мақомоти гуногун оид ба таҳияи Кодекси нави андоз воридшуда дақиқан мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирифта, дар муддати як моҳ ба ҳукумат лоиҳаи нави бозбинишудаи Кодекси андоз пешниҳод гардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд