Ҷаласаи Шӯрои электроэнергетикии ИДМ дар Ашқобод

Рӯзи 25-уми май дар пойтахти Туркманистон – шаҳри Ашқобод ҷаласаи 41-уми Шӯрои эергетикии ИДМ ба кор оғоз мекунад. Тоҷикистонро дар кори Шӯрои мазкур раиси Ширкати саҳҳомии холдинги кушодаи «Барқи тоҷик» Абдулло Ёров намояндагӣ мекунад.  Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати мазкур хабар доданд, натиҷагирӣ аз фаъолияти низоми миллии энергетикии кишварҳои узви ИДМ дар мавсими тирамоҳу […]

Виктория Наумова


Рӯзи 25-уми май дар пойтахти Туркманистон – шаҳри Ашқобод ҷаласаи 41-уми Шӯрои эергетикии ИДМ ба кор оғоз мекунад. Тоҷикистонро дар кори Шӯрои мазкур раиси Ширкати саҳҳомии холдинги кушодаи «Барқи тоҷик» Абдулло Ёров намояндагӣ мекунад.

 Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати мазкур хабар доданд, натиҷагирӣ аз фаъолияти низоми миллии энергетикии кишварҳои узви ИДМ дар мавсими тирамоҳу зимистони давраи солҳои 2011-2012 ва баррасии мушкилоти фаъолияти мувозии низоми энергетикии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар маркази таваҷҷуҳи иштирокдорони ҷаласа қарор хоҳад гирифт.

Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласа баррасии масоили ҳамкории мутақобилаи кишварҳои узви иттиҳод дар танзими коҳиши ғайринақшавии интиқоли нерӯи барқ ва иқтидори он, омода кардани Меморандуми ҳусни тафоҳум ва ҳамкорӣ миёни Шӯрои электроэнергетики ИДМ ва Комиссияи аврупоии иқтисодии СММ, фаъолияти гурӯҳҳои корӣ ва ғайра дар назар аст.

Шӯрои электроэнергетики ИДМ ва мақомоти кории он – Кумитаи иҷроия мутобиқи Созишнома дар бораи ҳамоҳангсозии муносиботи байнидавлатӣ дар бахши электроэнергетикаи ИДМ таъсис ёфтааст, ки он моҳи феврали соли 1992 аз ҷониби сарони кишварҳои узви ИДМ ба имзо расидааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова