Ифтитоҳи Маркази ташхис дар пойтахт бо дастгирии ИМА

Сафири ИМА Кен Гросс чанде қабл дар маросими расмии ифтитоҳи Маркази ташхисии «Нурафзо», ки дар Маркази миллии тиббӣ дар Қарияи Боло ҷойгир шудааст, ширкат варзид.  Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, ширкати мазкур соли 2010 ташкил дода шуда, ба наздикӣ дарҳои муассисаи нави худро дар шаҳри Душанбе боз намуд.  Ин муассиса хизматрасонии ташхисиро […]

ASIA-Plus


Сафири ИМА Кен Гросс чанде қабл дар маросими расмии ифтитоҳи Маркази ташхисии «Нурафзо», ки дар Маркази миллии тиббӣ дар Қарияи Боло ҷойгир шудааст, ширкат варзид. 

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, ширкати мазкур соли 2010 ташкил дода шуда, ба наздикӣ дарҳои муассисаи нави худро дар шаҳри Душанбе боз намуд.  Ин муассиса хизматрасонии ташхисиро бо истифода аз дастгоҳҳои томографияи компютерӣ, томографияи магнитӣ-резонансӣ ва рентгени рақамӣ фароҳам меорад.  «Нурафзо» ба таври аксарият ба ширкати амрикоии «Axiom Investments» тааллуқ дорад, ки он ба соҳаҳои тандурустӣ ва маориф дар кишварҳои тараққикунанда сармоягузорӣ мекунад.

Зимни суханронии худ сафир Гросс иброз дошт, ки маркази ташхисии мазкур ҳамчун намунаи аълои сармоягузорӣ аз ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба муассисае мебошад, ки ба аҳолии маҳаллӣ манфиати назаррас меорад.  Маркази «Нурафзо» 21 нафар коршиносони баландихтисоси маҳаллиро бо кор таъмин мекунад ва ба мизоҷони зиёде аз шаҳри Душанбе ва манотиқи дигар хизмат мерасонад.  Ин гурӯҳ бо сармоягузории ширкати «Axiom» тасмим дорад боз панҷ марказҳои ташхисиро дар Суғд, Хатлон ва маҳалҳои дигари Душанбе кушояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова