Медали тилои писари президент дар Олимпиадаи Бухарест

Писари хурдии президенти Тоҷикистон, толибилми синфи ҳафтуми мактаби байнулмилалии Душанбе Сомонӣ Эмомалӣ дар бахши барномасозии Олимпиадаи байнулмилалии лоиҳавӣ оид ба технологияҳои иттилоотӣ, ки аввали моҳи май дар пойтахти Руминия-Бухарест доир гардид, ба медали тило сазовор дониста шуд. Писари 13-солаи Эмомалӣ Раҳмон фарҳанги электронӣ ба чор забон – тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва туркиро таҳия намуд. Толибилми […]

Меҳрангез Турсунзода


Писари хурдии президенти Тоҷикистон, толибилми синфи ҳафтуми мактаби байнулмилалии Душанбе Сомонӣ Эмомалӣ дар бахши барномасозии Олимпиадаи байнулмилалии лоиҳавӣ оид ба технологияҳои иттилоотӣ, ки аввали моҳи май дар пойтахти Руминия-Бухарест доир гардид, ба медали тило сазовор дониста шуд.

Писари 13-солаи Эмомалӣ Раҳмон фарҳанги электронӣ ба чор забон – тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва туркиро таҳия намуд. Толибилми дигар – Исрофил Исмоилов, ки ҳамроҳ бо писари президент ин луғатро таҳия намудаанд, низ соҳиби медали тило шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори литсейи тоҷикиву туркии ба номи Хоҷа Камол Наим Йилдирим хабар дод, Олимпиадаи байнулмилалии лоиҳавӣ оид ба технологияҳои иттилоотӣ дар Бухарест аз рӯйи чор номинатсия – барномарезӣ, филми анниматсионӣ, филми мухтасари тарбиявӣ ва идоракунии компютерӣ баргузор гардидааст.

Ҳамчунин дар ин олимпиада хонандаи синфи панҷуми мактаби байнулмилалӣ Шералӣ Абдуллоев ва Селман Эркай барои таҳияи филми анниматсионии «Қонунҳои мактаб» ба медали нуқраи олимпиада қадрдонӣ шуданд.

Дар номинатсияи мазкур толибилмони синфи ҳаштуми литсей-интернати тоҷикиву туркии шаҳри Хуҷанд Исматҷон Исматов ва Мирзоикром Шарифов барои филми тасвирии «Савдогар ва тӯтӣ» ба медали биринҷӣ мушарраф гардиданд.

Дар номинатсияи филми мухтасари тарбиявӣ хонандагони синфи 10-уми литесйи иқтисодии тоҷикиву туркии шаҳри Душанбе Саидмузаффар Ҳайдаров ва Шералӣ Саидов барои филми «Қалами кабуд» медали биринҷӣ гирифтанд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи апрели соли 2010 дар олимпиадаи байнулмилалии илмӣ дар шаҳри Екатеринбург духтари президенти Тоҷикистон – Фарзона аз фанни забони русӣ соҳиби медали тило шуда буд. Он замон Фарзона дар синфи шашуми литсейи президентии шаҳри Душанбе таҳсил мекард.


Дар акс писари президент аз чап

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

Таъсиси фонду додани унвон ва бо як чашм дидани расонаҳо. Ҳамовозиву пешниҳоди рӯзноманигорон ба мактуби Зафар Саидзода ба Эмомалӣ Раҳмон

Вазъияти расонаҳо дар майдони баҳс: “набояд ислоҳоти соҳаро ба мавқуф гузорем, то ба амнияти миллӣ хатар эҷод нашавад”.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова