Идомаи фаъолияти лоиҳаҳо оид ба ҳифзи солимии ҷавонон

Дар доираи созишномаи байни Хазинаи глобалӣ оид ба мубориза зидди бемориҳои БПНМ, сил ва вараҷа (ГФСТМ) ва Намояндагии Бунёди кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҶТ) дар транши 2 давраи 8 (2012-2014) Вазорати Маорифи ҶТ дар амаликунии Барномаҳои миллӣ оид бамуқовимат зидди эпидемияи ВНМО/БПНМ дар ҶТ барои солҳои 2011-2015 дастгирӣ гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» […]

ASIA-Plus


Дар доираи созишномаи байни Хазинаи глобалӣ оид ба мубориза зидди бемориҳои БПНМ, сил ва вараҷа (ГФСТМ) ва Намояндагии Бунёди кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҶТ) дар транши 2 давраи 8 (2012-2014) Вазорати Маорифи ҶТ дар амаликунии Барномаҳои миллӣ оид бамуқовимат зидди эпидемияи ВНМО/БПНМ дар ҶТ барои солҳои 2011-2015 дастгирӣ гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Амаков Қамарбек, менеҷери кор бо ҷомеаи ТҶ «Насли ҷавони Тоҷикистон» хабар дод, ин ҳамкорӣ барои боздошти паҳншавии эпидемияи БПНМ дар ҷумҳурӣ, хусусан байни ҷавонон равона шудааст. Махсусан, дар доираи барномаи дар боло зикршуда ЮНИСЕФ Вазорати тандурустиро дар рушд ва тақвияти 21 шӯъбаҳои тиббӣ-машваратии ҷавонон (ШТМҶ) воқеъ дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода, Қурщонтеппа, Данщара, Кӯлоб, Хоруғ, Исфара, Панҷакент ва Хуҷанд дастгирӣ менамояд. Ин шӯъбаҳо дар асоси марказҳои саломатии репродуктивӣ ва муассисаҳои касалиҳои пӯст ва таносул таъсис шудаанд. Вазифаи асосии шӯъбаҳо аз таъминоти ҷавонони осебпазири 10-24 сола бо хизматрасониҳои асосӣ оид ба пешгирии ВНМО/БПНМ, ки ташхис ва табобати БСҶ-ро дарбар мегиранд, ва тақвияти саломатии репродуктивӣ иборат аст.

Дар доираи созишнома ЮНИСЕФ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ: ТҶ «Насли солим», ТҶ «Саломатии репродуктивӣ ва наврасон» ва НТҶ «Насли ҷавони Тоҷикистон» дар ш. Хуҷанд азм доранд, ки қисмат (компонент) оид ба кори аутричиро бо мақсади ҷалби ҷавонони осебпазир ба истифодабарии хизматрасониҳои ШТМҶ, ки дар 21 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҷойгир мебошанд, дастгирӣ намоянд.

Ҷавононе, ки ба ёрии духтурон/мутахассисони ШТМҶ эҳтиёҷ доранд, варақае (роҳхат ба мутахассиси ММКО) мегиранд, ки бо воситаи он онҳо метавонанд аз хизматрасониҳои ШТМҶ истифода баранд. Аз ҳама иштирокчиён/ихтиёриёни фаъоли лоиҳа соҳиби мукофот дар намуди халтаҳои маводи озуқаворӣ ва гигиенӣ мегарданд. Дар давраи лоиҳавӣ ҷалбкунии 36000 ҷавонон бо хизматрасониҳои ШТМҶ ба нақша гирифта шудааст. Бар замми ин, ҳангоми кори аутричӣ маводҳои иттилоотии пешгирикунанда аз хатари сирояти ВНМО/БСҶ, истеъмоли нашъа ва пешгирии ҳомиладории номатлуб паҳн карда мешаванд. Лоиҳа барои 18 моҳ пешбинӣ шудааст ва шурӯъ аз моҳи майи соли ҷорӣ амалӣ шуда истодааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд